БАРОИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА 127 БРИГАДАИ МАХСУС ТАШКИЛ ГАРДИД

Барои пешгирӣ ва беталафот гузаронидани мавсими зимистон дар вилояти Намангон низ чорабиниҳо баргузор мегардад. Дар шуъбаҳои корҳои дохилии вилоят, корхонаҳои таъминоти электр, газ ва дар ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо штабҳои махсус ташкил карда шудааст.

Маълум аст, ки аз сабаби тағйирёбӣ, яъне хунукии ҳаво дар соҳаҳои коммуналӣ, аз он ҷумла, дар соҳаи газ ва электр муаммоҳо бисёр мешаванд.

Барои пешгирӣ ва беталафот гузаронидани мавсими зимистон дар вилояти Намангон низ чорабиниҳо баргузор мегардад. Дар шуъбаҳои корҳои дохилии вилоят, корхонаҳои таъминоти электр, газ ва дар ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо штабҳои махсус ташкил карда шудааст.

Дар ин хусус, роҳбари хоҷагии коммуналии иқоматӣ ва сохтмони ҳокимияти вилоят Ботир Рӯзибоев ба мо чунин маълумот медиҳад:

– Дар ин бобат аз имкониятҳои фароҳам истифода бурда, корҳои амалиро ба роҳ монда истодаем. Дар ҳудудҳое, ки штабҳои махсус ташкил карда шудааст, мутахассисони соҳа ба муроҷиати аҳолӣ ҷавоб дода, муаммоҳоро то қадри имкон зудтар бартараф намуда, ба онҳо кумаки амалӣ мерасонанд.

Дар вилоят ба 664,2 ҳазор истеъмолкунанда дар давоми рӯз 17,3 млн. кВт энергия сарф мешавад. Соли гузашта дар ин соҳа ҳамагӣ ба 400 км. сими электрӣ кашида, 66 трансформатор ва 7286 сутунҳои махсус шинонда шуд. Аз компанияи ТВЕА-и Чин 8 дона трансформатор оварда, шинонидем.

Дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда 127 бригадаи махсус фаъолият мебарад ва онҳо бо ҷиҳозҳои лозимӣ таъмин шудааст. Дар филиали «Магистрал электр тармоқлари» дар 25,7 км. таъмири мукаммал ва дар 608 км. таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Барои таъмири подстансияи «Сардор», ки дар тасарруфи филиали мазкур аст, аз тарафи «Ӯзбекистон МЭТ» ва аз ҳисоби кредити Бонки ҷаҳонӣ 6,3 млн. доллар маблағ сарф шуд. Дар натиҷа қувваи умумии подстансия ба 175 МВА зиёд гардид.

Соли гузашта мувофиқи нақша дар соҳаи газ корҳои муфид ба анҷом расид. Истеъмолгарон, ки дар вилоят шумораи онҳо 226,3 ҳазор нафаранд, дар як рӯз бо 5,5 млн. куб гази табиӣ таъмин шуданд. Дар пунктҳои газтақсимкунӣ таъмири реконструксионӣ гузаронида шуд.

Дар мавсими солҳои 2024-2025 ба аҳолӣ 273,6 ҳазор тонна ангишт додан лозим. То ҳол ин ба 267 ҳазор расид, яъне нақша 93 фоиз иҷро шуд.

Дар вилоят 43 ташкилоти хизматрасонӣ ва 1732 хонаҳои бисёрошёна мавҷуд. Соли гузашта мувофиқи дастур таъмири 150 объект – хонаҳои бисёрошёна ба нақша гирифта шуда буд, то ҳол 213-тои он аз таъмир бароварда шуд. Барои ин 8,5 млрд. сӯм маблағ сарф гардид.

Барои беталафот гузаронидани мавсими зимистон ва зудтар бартараф намудани камбудиҳо корҳои лозимиро иҷро намудем. Барои иҷрои вазифа техникаи махсус ва мутахассисони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: