Дар рафти ҷараёни амалиёти муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Туркия ва Ӯзбекистон як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми даст задан ба чанд қаллобӣ, ки ба шаҳрвандон хисороти зиёд расонидааст, боздошт шуд.
Дар ин бора Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул хабар додааст.
Бар асоси ин хабар, Аҳмадхон И., соли таваллудаш 1991, аз соли 2023 дар ҷустуҷӯи Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон буда, чанде пеш аз Истанбул ба Тошканд ихроҷ шудааст.
"Онҳое, ки аз амали ин шахс зарар дидаанд, метавонанд ба Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул ё Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ва инчунин ба шӯъбаҳои ҳудудии зершуъбаҳои корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд", - омадааст дар хабарнома.