Муҳандиси олмонӣ Рюдигер Кох дар дохили капсулаи махсусе, ки дар соҳилҳои Панама ҷойгир шудааст, 120 рӯз зери об зиндагӣ карда, ҳамчун шахсе, ки дарозтарин муддатро зери об гузаронидааст, рекорди нав гузошт, дар ин бора хабар медиҳад The Guardian.
Гуфта мешавад, ки капсулаи истиқоматии ӯ, ки 30 метри мураббаъ масоҳат дошт, дар чуқурии 11 метр ҷойгир шуда, бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Дар дохили капсула кат, ҳоҷатхона, телевизор, компютер, интернет ва ҳатто таҷҳизоти варзишӣ мавҷуд буд.
Энергияи барқӣ барои капсула бо истифодаи батареяҳои офтобӣ истеҳсол мешуд, аммо генератори захира низ мавҷуд буд. Тибқи иттилои расонаҳо, капсулаи зериобии Кох ба як ҳуҷраи зериобӣ пайваст буд, ки аз он ҷо маводи ғизоӣ ба ӯ интиқол дода мешуд. Меҳмонон, аз ҷумла табибон, низ аз ин ҳуҷра истифода мекарданд.
Кох рекорди америкоӣ Ҷозеф Дитуриро, ки 100 рӯз зери об зиндагӣ карда буд, шикаст. Рекорди нав фавран аз ҷониби намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес сабт карда шуд.
Маълум мешавад, ки Кох мухлиси капитан Немо, қаҳрамони романи Жюл Верн «80 ҳазор километри зери об» мебошад. Ӯ ҳатто зери об низ китоб мехондааст. Ба гуфтаи рекордгузор, ба воситаи ин муҳандис исбот кардан хостааст, ки инсон зери об зиндагӣ карда метавонад.