Субҳи 27 январ Исроил ба ҳазорҳо фаластиниҳои кӯчондашуда иҷозат дод, ки ба шимоли минтақаи Ғазо баргарданд. Дар ин бора нашрияи The Times of Israel хабар медиҳад.
“Ҳазорҳо фаластиниён ба сӯи шимол тавассути кӯчаи Рашид дар Ғазо ҳаракат карданд, то ба манотиқи шимолии минтақа баргарданд, кадрҳои дар шабакаҳои иҷтимоии фаластинӣ нашршуда аз ин далолат медиҳанд. САХАЛ эълон кард, ки ба сокинони Ғаза иҷозат медиҳад аз соати 7 субҳ дар долони Нетсарим ҳаракат кунанд”, гуфта мешавад дар хабар.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои бозгаштани сокинони маҳаллӣ нашр мешаванд.
Артиши дифои Исроил қисман неруҳои худро аз долони Нетсарим берун овардааст. Расонаҳо менависанд, ки қисми ғарбии долон эвакуатсия мешавад. Дар ҳоли ҳозир, артиши Исроил вазъро шарҳ намедиҳад.
Тибқи созишномаи оташбас, дар ин марҳила артиши Исроил бояд "тамоман ба шарқи кӯчаи Рашид дар соҳил ақибнишинӣ кунад" ва тамоми иншооти ҳарбиро аз ин минтақа бардорад.
Гуфта мешавад, ки даҳҳо ҳазор сокинони Ғазо як рӯз пеш дар кӯчаи Рашид ҷамъ шуданд, аммо артиши Исроил минтақаи мазкурро накушод ва сокинонро аз наздикшавӣ манъ кард ва ҲАМОС-ро дар вайрон кардани созишномаи оташбас айбдор намуд. Баъдан мушкил ҳал шуд ва мардум субҳи имрӯз ба шимол баргаштанро оғоз карданд.
ҲАМОС тасдиқ кард, ки ин ҳафта шаш гаравгонро озод мекунад, хабар медиҳад korrespondent.net.