ӮЗБЕКИСТОН КИШВАРИ ИМКОНИЯТҲОСТ

Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, махсусан таҳкими некуаҳволии аҳолӣ, тавассути дастгирии соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ислоҳотҳо амалӣ мешаванд, ки барои бонувони соҳибкор ҷиҳати пешбурд ва рушди фаъолияти иқтисодӣ дар мамлакат мусоидат мекунанд.

Қарори Сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди дастгирии соҳибкории занон» заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои таъмини ҳамаҷонибаи истеъдод ва тавоноии бонувони мо гардид.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим ин аст, ки Палатаи савдо ва саноат, «Бонки халқӣ», «Бонки рушди тиҷорат» ва «Микрокредитбонк» низоми дастгирии соҳибкории занонро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, тавассути ин низом ба занон дар таҳияи лоиҳаи тиҷоратӣ равандҳои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар маҳалҳо ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти онҳо ёрии амалӣ расонида мешавад.

– Ба мақсади коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия, расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои ниёзманд, бозомӯзии касбу ҳунар ба занони бекору беихтисос, таъмини онҳо бо ҷойи кор хона ба хона гашта, бо занон суҳбат мекунем ва бо назардошти шавқу ҳаваси онҳо барои гирифтани кредит аз бонкҳо кумак мекунем, – мегӯяд муовини ҳоким, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Чирчиқи боло Мақпал Айтматова. – Мо ба заноне, ки мехоҳанд сех кушоянд, гармхона созанд ё бо чорводорӣ ва мурғпарварӣ машғул шаванд, ёрии амалӣ мерасонем. Барои онҳое, ки аз бонк кредит гирифтаанд, ба мақсаднок сарф кардани маблағ, дуруст ташкил намудани кор ва дарки масъалаҳои молиявӣ дарси якҳафтаина ташкил кардаем. Яке аз чунин соҳибкорон, ки дар коҳиш додани камбизоатии оилаҳо саҳмгузор аст, Барно Алихонова мебошад.

Бонуи соҳибкоре, ки сухан дар бораи он меравад, зодаи ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон буда, бо тақозои тақдир ба ноҳияи Чирчиқи болои вилояти Тошканд келин шудааст.

Зимни ошноӣ бо фаъолияти соҳибкории Барно Алихонова бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки нақши зан ҳамчун соҳибкор на танҳо дар ободии оила, балки ба рушди ҷомеа низ хеле муҳим аст.

Ҳангоми вохӯрӣ бо бонуи соҳибкор ба ӯ бо чанд савол муроҷиат намудем.

– Аввалан, бигӯед, ки чаро соҳаи соҳибкориро интихоб кардед ва фаъолияти меҳнатии шумо аз чӣ оғоз ёфтааст?

– Коллеҷи тиббии Косонсойро хатм карда, дар беморхона чун ҳамшираи шафқат фаъолият бурдам. Лек намехостам бо ҳамширагӣ маҳдуд шавам. Бинобар ин, аз имкониятҳое, ки барои соҳибкорон фароҳам шудааст, истифода намуда, аз қарору фармонҳои Сарвари давлатамон ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон илҳом гирифта, дар маҳаллаи Султонработи ноҳия Маркази таълим ва сехи дӯзандагӣ кушодам. Занонеро, ки дар «Дафтари занон» ва «Дафтари оҳанин» сабти ном шудаанд, ба марказ ҷалб кардем. Дар коргоҳ асосан либосҳои кӯдакона истеҳсол менамоем ва ният дорем, ки дар оянда доираи фаъолияти коргоҳро васеъ гардонда, ба истеҳсоли дигар намудҳои либос машғул шавем. Инчунин оғози фаъолияти Маркази савдо ва тарабхона дар маҳалла мушкили мардумро осон кард.

– Мегӯянд, ки соҳибкорӣ кори мардон аст. Шумо чун зани соҳибкор ба ин чӣ назар доред?

– Хушбахт ҳастам, ки дар лоиҳаи «Бонуи соҳибкор» иштирок карда, дарк намудам, ки занон ба чӣ қодиранд. Фикр мекунам, дар олами тиҷорат ин сарҳадҳо аз байн рафтаанд ва ин ба одамоне, ки шумо бо онҳо муносибат мекунед, вобаста аст. Натиҷа на ба ҷинси шумо, балки ба меҳнату ҳаракати шумо вобаста мебошад.

– Соҳибкор бояд кадом малакаҳоро дошта бошад?

– Барои ҳар як соҳибкор ҳаракат ва ӯҳдабароӣ хеле муҳим аст. Зеро ҷаҳони муосир босуръат пеш меравад. Ҳадафҳое, ки пеши худ гузоштаед, бо гузашти вақт тағйир меёбад. Инчунин, болои худ кор кардан муҳим аст. Агар шумо ҳоло пештози бозор бошед, шояд фардо мутахассисони ҷавони болаёқат бо ғояҳои нав меоянд. Аз ин рӯ, соҳибкор бояд ҷӯяндаи роҳҳои пурсамари ташкили меҳнат ва истеҳсолот, ихтирою навоварӣ бошад. Фаъолияти худро дар асоси қонунҳои рақобат, нарх, манфиатнокӣ ба роҳ монад.

– Фазои соҳибкории кунуниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё дар ин самт мушкилиҳо вуҷуд доранд?

– Натиҷаи кори пурсамар дар он аст, ки имрӯз дар кишварамон ба занон эҳтиром ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дастгирии давлат ба созмонҳое чун Иттиҳодияи «Бонуи соҳибкор» низ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои онҳо басе муҳим аст. Солҳои охир доираи ғамхориҳои Сарвари давлатамон дар самти дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии занон, ҳифзи оила, модар ва кӯдак ба таври назаррас васеъ шудааст.

Фикр мекунам, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкории занон баҳодиҳии мушкилоти марбут ба имкониятҳои иқтисодӣ дар кишвар, такмили ихтисос ва ташкили низоми ҳамаҷонибаи дастгирии соҳибкории бонувон муҳим аст.

Ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии занону духтарон ва ёрии ҳамаҷониба ба онҳо имрӯз дар қалби ҳазорон намояндагони ҷинси латиф эътимоду ҷасорат ва сипосро бедор мекунад. Роҳбари давлатамон дар доираи барномаи соҳибкории занон барои таҳияи феҳристи лоиҳаҳои соҳибкории занон дар ҳар ноҳияву шаҳр, доир ба маблағгузории ҳармоҳа, содасозии гирифтани кредит ва грант супоришҳо дод. Имтиёзҳое, ки ба соҳибкорзанон дода шудааст, бонувони фаъолеро, ки далерона сӯйи мақсади аниқ қадам гузошта, дар ҳама самтҳои соҳибкорӣ худро месанҷанд, рӯҳбаланд месозанд.

Суҳбаторо Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: