АҲОЛИИ ШАҲРҲО ЗИЁД АСТ Ё ДЕҲОТ?

Бино ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Ӯзбекистон 19 135,8 ҳазор нафар дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар ин бора Агентии омор хабар дод.

Тақсимоти аҳолии доимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи ҷои истиқомат

Аҳолии шаҳр – 19 135,8 ҳазор нафар

Аҳолии деҳот – 18 407,4 ҳазор нафар.

Ба ҳолати 1 январи соли 2025 шумораи аҳолии шаҳр нисбат ба шумораи аҳолии деҳот 728,4 ҳазор нафар зиёд аст.

Ёдовар мекунем, ки шумораи аҳолии доимии Ӯзбекистон аз 37,5 миллион нафар зиёд аст. Аз ин шумор 18,6 миллион нафар занон ва 18,9 миллион нафар мардон мебошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: