НАҚШАҲОИ НАҶИБИ «ҲУНАРМАНД»

Омори 7 соли охир нишон медиҳад, ки иттиҳодияи «Ҳунарманд» дар асоси анъанаҳои неки устову шогирд 20 ҳазор ҷойи кор ташкил кардааст ва ҳоло 7,4 ҳазор ҷавонон аз ҳунармандони номии минтақа касб меомӯзанд.

Аҳли ҳунар дар ҳама давру замонҳо як табақаи иззатманди ҷомеа ба шумор мерафтанд ва азбаски мудом дар меҳвари таваҷҷуҳи хосу ом қарор доштанд, бештар эҳтиром медиданд ва болонишини маъракаҳо низ маҳсуб мешуданд. Зеро шукӯҳи зиндагии мардум маҳз аз дастранҷи ин одамони офарандаву созанда, маҳсули ақлу заковати онҳо вобаста буд. имрӯз низ таваҷҷӯҳ ба ҳунармандон ва маҳсулоти истеҳсоли онҳо коста нашуда, баръакс эътибор ва талабот ба ҳунари волои эшон бештар мегардад.

Ҳарчанд тараққиёти босуръати илмию техникӣ як муддат ба обрӯйи ин хайли бошараф соя афканд ва ба ин сабаб аксари ҳунармандони номӣ ногузир тағйири касб карда, аз шуғли дӯстдоштаи меросии худ канор рафтанд, боз ҳам ҷомеаи суннатии мо ба маҳсули дастони онҳо ниёз дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки воҳаи Қашқадарёи кунунӣ аз замонаҳои пеш маҳалли зисту кори ҳунармандони номие будааст ва дар ин минтақа даҳҳо навъи касбу ҳунар ривоҷ ёфтаанд. Хоса, ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Ғузор ва Тангиҳарам (мавзеи кӯҳистонии Деҳқонободи кунунӣ) бештар ривоҷ ёфта буданд. Чунки ин мавозеъ ба шаҳрҳои бузурги замона – Самарқанду Бухоро, ки гаҳвораи тамаддуни башарӣ ҳастанд, наздиктар ҷой гирифтаанд. Мо аз ҳаёти як зумра ҳунармандони номӣ аз деҳаҳои Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз ва Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод мақолаву лавҳаҳо ба нашр расондем. Дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё бахшҳои иттиҳодияҳои ҳунармандон амал мекунанд ва фаъолияти онҳоро ба низом медароранд. Саридораи иттиҳодияи «Ҳунарманд» дар ҳамаи гӯшаву канори минтақа бахшҳои худро дорад, ки кунун собитқадамона пеш мераванд. Қаҳрамон Халилов – раҳбари ин саридора гуфт, ки ҳарчанд аз соли 2017 дар ҳудуди вилояти Қашқадарё 7,9 ҳазор ҳунарманд сабти ном гаштаанд, аммо 2,1 ҳазори онҳо узви доимии Иттиҳодияи «Ҳунарманд» ҳастанд ва ғолибан аз ғамхориву пуштибонии доимии ҳукумат бархурдоранд. Ин ҳамон ҳунармандонеанд, ки дар касби худ тавфиқ ёфта ва дастранҷашон эътироф гашта, намоишгоҳҳои ватаниву хориҷиро зеб медиҳанд. Ҳоло Иттиҳодияи «Ҳунарманд» 1194 нафар ҳунармандонро аз байни ҷинси латиф гирдиҳам овардааст, ки 56 дарсади шумораи умумии аъзои онро ташкил медиҳанд. Шумори мардони ҳунарманд 938 нафарро ташкил мекунад ва 44 дарсад ҳисса доранд. Ҷавонони ҳунарманд 360 нафар буда, аксари онҳо дар кори худ хеле муваффақанд. Халилов аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷавонони имрӯза таҳаммули андӯхтани ҳунарҳои бойи мардумиро надоранд ва аксар роҳҳои сабуки ба даст овардани рӯзиро афзал мешуморанд.

– Дар барномаи кории мо сабт шудааст, ки аз байни ҷавонон бештар ҳунармандонро кашф кардаву рӯйиоб барорем ва ҳамин қишри нерӯманду ҳамеша дар таҳаввули ҷомеаро бо касбу кори гуногун, ки асосашон ба ҳунармандии мардумӣ мутааллиқанд, фаро гирем, – мегӯяд Қаҳрамон Халилов.

Омори 7 соли охир нишон медиҳад, ки «Ҳунарманд» дар асоси анъанаҳои неки устову шогирд 20 ҳазор ҷойи кор ташкил кардааст ва ҳоло 7,4 ҳазор ҷавонон аз ҳунармандони номии минтақа касб меомӯзанд. Аз 43 навъи маъруфи ҳунармандӣ дар вилояти Қашқадарё 10 намудаш бештар ривоҷ ёфта, мувофиқи қоидаҳои «талаботу таклифот»-и бозорҳои дохилӣ қадам ба қадам пеш мераванд. Машҳуртарини онҳо дӯзандагӣ, бофандагӣ, дередгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва кандакории рӯйи санг мебошанд, ки ҳар кадом ҳунармандони зиёдеро ба худ ҷалб карда, муттасил ривоҷ меёбанд.

Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Қашқадарё муваффақ гаштааст, ки дар идомаи соли 2024, дар маҷмӯъ, барои 467 ҳунарманди узви худ ва мардуми камбизоату бекор аз ҳисоби хазинаи «Кумак ва дастгирии ҳунармандию косибӣ»-и Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл ба миқдори 349,7 миллион сӯм қарзи имтиёзнок бидиҳад ва 1570 ҷойи нави кор барпо созад. Аз ҳисоботи 10 моҳаи соли гузаштаи Иттиҳодияи «Ҳунарманд» бармеояд, ки дар 16 шаҳру навоҳии вилоят рушди мунтазами ҳунармандию косибӣ ба роҳ монда шуда, дар 620 ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳо аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва ин мавзеъҳо чун чашмаи хурӯшони ҳунармандӣ ва косибӣ эътироф шудаанд. Дар натиҷаи тарғибу ташвиқ дар 30 маҳалла ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардиданд ва интизор меравад, ки аз ин баъд низ дар ин самт пайгирона заҳмат кашида, шумори иштиёқмандонро зиёд кунанд.

Қаҳрамон Халилов, дар идомаи суханаш гуфт: нақша дорем, ки дар ноҳияҳои Шаҳрисабз ва Кӯкдала коргоҳҳои наве бунёд созем, ки ба коркарди пашми ҳайвонот ихтисос дошта, аз маҳсулоти нимаомода намад, гилем ва кулоҳҳои пашмӣ истеҳсол намоянд. Агар ин нақшаи мо дар амал татбиқ гардад, 50 ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Бахши вилоятии Иттиҳодияи «Ҳунарманд» дар соли равон умедвор аст, ки 1,6 ҳазор узви иттиҳодия ва мардуми камбизоати қаламравро бо 3,6 миллиард сӯм маблағи субсид таъмин созад. Онро хазинаи «Кумак ва дастгирии ҳунармандию косибӣ» дар ихтиёри коргоҳ хоҳад гузошт. Ҳамчунин ният доранд, ки дар шаҳри Қаршӣ як осорхонаи хонаводагӣ ва «Маркази заргарӣ», ки бахшҳои тафреҳию дилхушкунандаро дарбар мегирад, бисозанд. Сохтаву ба истифода дода шудани коргоҳҳои хурди истеҳсоливу коркарди пашми ҳайвонот дар шаҳри Шаҳрисабз ва ноҳияҳои Миришкору Кӯкдала, ки 210 ҷойи доимии кор доранд, низ аз мақсадҳои наҷиби «Ҳунарманд» ба ҳисоб меравад, ки соли равон дар амал татбиқ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки имсол дар Шаҳрисабз Фестивали II байналмилалии сӯзании ироқӣ баргузор гардад ва зимни чорабиниҳо кӯшиш хоҳад шуд, ки ба Шаҳрисабз мақоми «Шаҳри ҷаҳонии сӯзании ироқӣ» дода шавад.

Бояд таъкид кард, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як роҳи муассири раҳоӣ аз чанги камбизоатӣ мебошад ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам дар талош аст, ки бо роҳандозии тарҳҳои гуногун ҷамъиятро ба сӯйи фаровониҳо бикашад ва рӯзгори моро ободтар созад. Касбу ҳунаромӯзӣ ва дар қатори он ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ ба он мусоидат хоҳанд намуд, ки иқтисодиёти кишвар зина ба зина пеш равад ва мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз байн рафта, Ӯзбекистон ба кишвари содиркунандаи молу коло мубаддал гардад.

Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: