Дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз» аз оғози фасли баҳор то фасли тирамоҳ ба ҷойи 15,2 миллион бех ҳудуди 17,4 миллион дарахтону буттаҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Солҳои охир барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва вазъи экологӣ чораҳои муҳим андешида мешаванд. Ин масъала дар кишвари мо беҳуда ба сиёсати давлатӣ табдил наёфтааст. Аз минбарҳои баланд доир ба бадшавии вазъи экологӣ ҳамеша бонги изтироб садо медиҳад. Маҳз барои ҳамин Президент соли 2025-ро «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон кард. Гуфтанист, ки покизаву беолоиш будани вазъи муҳити зист гарави солимии мавҷудоти зинда мебошад.
Дар робита ба тозагии муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологӣ дар вилояти Фарғона чӣ гуна корҳои шоиста анҷом дода шудаанд ва дар соли нав чӣ хел чорабиниҳо татбиқ хоҳад шуд? Дар ин бора бо Гулноза Тӯхтасинова – котиби матбуоти Садорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят суҳбат кардем.
– Дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз» аз оғози фасли баҳор то фасли тирамоҳ ба ҷойи 15,2 миллион бех ҳудуди 17,4 миллион дарахтону буттаҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд, – гуфт Г.Тӯхтасинова. – Бо мақсади муҳофизати ниҳолҳо, мисли пешгирӣ аз хушкшавӣ, саривақт додани об, ғизоҳои лозимӣ ва пошидани доруҳои кимёвӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон 5824 нафар шахсони масъул вазифадор гардиданд. Дар ин замина 9 чоҳи нави обкашӣ сохта шуд ва барои обёрӣ 44 техникаи махсус сафарбар гардид.
Яке аз самтҳои асосии пешрафти кор вобаста ба ҷуброни маблағе мебошад, ки бояд субъектҳои хоҷагидорӣ пардохт намоянд. Бар асоси қарори Девони Вазирон аз 12 апрели соли 2021 «Дар бораи боз ҳам такомул бахшидан ба механизмҳои иқтисодии муҳофизат намудани муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тавассути барномаи «Экофонд» аз 6 ҳазору 127 субъект 11,2 миллиард сӯм ситонда шудааст.
– Барои назорати экологӣ роҳандозии рейдҳо низ заруранд. Дуруст аст?
– Бале, садорати мо дар давоми сол 3 ҳазору 596 маротиба рейд гузаронд. Дар натиҷа ба 3 ҳазору 582 шахс бештар аз 2,9 миллиард сӯм ҷаримаи маъмурӣ таъин гардид. Миқдори ҷаримаҳои ситонидашуда 1 миллиарду 195 миллиону 167 ҳазор сӯмро ташкил дод. Дар ин маврид ходимони Бюрои иҷрои ҳатмӣ бо мо ҳамкорӣ карданд.
Аз рӯйи се ҳолате, ки Бюрои иҷрои ҳатмӣ ҷаримаро лағв намуд, қарздорони эҳтимолӣ аз пардохти 118,4 миллион сӯм наҷот ёфтанд. Аммо аз рӯйи 22 ҳолат пардохти маблағи умумии 84 миллион сӯм то кунун ба таъхир афтодааст.
– Дар шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои зиёди мошиншӯйӣ фаъолият мекунанд. Мешавад тавзеҳ дод, ки дар вилоят чунин нуқтаҳои мошиншӯйӣ то чӣ андоза ба муҳити зист таъсир мерасонанд?
– Дар айни замон яке аз масъалаҳои мо ҳамин аст, ки вазъияти экологиро ба бунбаст мувоҷеҳ мекунад. Мо дар маҷмӯъ 197 нуқтаи мошиншӯйиро мавриди санҷиш қарор додем. Фаъолияти 13-тои он боздошта шуд. Дар давоми соли сипаришуда аз рӯйи ин намуди фаъолият 37 қонуншиканӣ ошкор ва ба маблағи умумии 41 миллиону 860 ҳазор сӯм ҷарима ситонда шуд.
– Оё танҳо бо ситондани ҷарима масъала ҳал мешавад?
– Мо роҳи дигар надорем ва ҷаримаситониҳо каму беш онҳоро ба худ меорад. Ҳадди ақал талош мекунем, ки ин нуқтаҳои мошиншӯйӣ тарзи хидматрасониро беҳбуд бахшанд ва нагузоранд, ки атрофиён аз кори онҳо изҳори норизоӣ кунанд. Зеро ғайр аз истифодаи бешумори об, ки дар тамоми олам ва кишвари мо низ ба муаммо табдил меёбад, инчунин ҷамъ шудани мошин, баста шудани роҳ ва амсоли он метавонад мавриди эътирози дигарон қарор гирад.
Соли гузашта дар 5 корхонаи саноатӣ бозсозӣ ва реконструксияи иншоотҳои тозакунии обҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, то охири сол ин нақша иҷро гардидааст. Инчунин дар корхонаи коркарди нафти Фарғона, ҶММ «Квартс»-и шаҳри Қувасой, ҶММ «PREMIUM LEATHER»-и шаҳри Қӯқанд иншооти тозакунии обҳои маҳаллӣ аз нав сохта шудаанд.
Оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз 10 апрел то 10 май марҳилаҳои якум ва аз 10 август то 10 сентябри соли 2024 марҳилаи дуюми якмоҳаи «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти ин чорабинӣ 30 ҳазору 745 мошин аз санҷиш гузашт, ки бо бензин, дизел ва газ ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа идораи бехатарии ҳаракати роҳ 25 мошини номувофиқро ошкор намуд, ки атмосфераро бо газҳои зараровар олуда месозанд.
Дар пайи он барои 10 субъекти хоҷагидории мансуб ба категорияҳои 1 ва 2-и муҳити зист, инчунин 12 корхонаи бузурги вилоят ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши чангу ғубори зарарнок таҷҳизоти баландсифат насб гардида, дар як қисми он корҳои бозсозӣ анҷом дода шудааст.
Дар робита бо риояи меъёрҳои экологии партовҳо ҳуҷҷатҳои 85 корхонаи саноатӣ баррасӣ гардид. Маълум шуд, ки 60 корхона аз рӯи қонун амал мекунанд, вале қисми боқимонда ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. 14 парванда дар суди иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифт ва ин корхонаҳо ҷарима супурданд. Инчунин прокуратураи вилоят фаъолияти чаҳор корхонаи санитариро бозҷӯӣ кард ва ба масъулони он чораҳои қонунӣ андешид.
– Дар робита бо нақшаҳо дар соли 2025 чиҳо метавон гуфт?
– Аз рӯи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар вилоят шинонидани 15,2 миллион дарахту бутта пешбинӣ шудааст. Инчунин аз роҳи бунёди боғ дар 38 маҳалла ва иҳота гирифтани 150 километр шоҳроҳҳои умумӣ дараҷаи ба ҷангалзорҳо табдил додани муҳити зист ба 8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Соҳил ва атрофи 39,9 километр каналу ҷӯйборҳо обод гардида, ба ҷойи тафреҳу пиёдагардии аҳолӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» ба воситаи рейдҳои ногаҳонӣ пурзӯр намудани назорат аз болои субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз пахши газу ғубори зарарнок ба ҳаво, дар шаш корхонаи саноатии вилоят насб кардани технологияҳои замонавӣ, ба кор андохтани 20 гектар замини бекорхобида низ дар назар аст.
Дар баробари ин, суръат бахшидан ба сохтмони ду корхонаи коркарди партов дар ноҳияҳои Фарғона ва Данғара ду ширкати Куриёи Ҷанубӣ пешбинӣ шудааст. Ин корхонаҳо ба тавлиди неруи барқ машғул мешаванд. Дар пайи он, пурзӯр кардани назорат аз болои ташкили 38 маҳали ҷамъоварии партов дар шаҳри Фарғона ва 6 маҳали интиқоли партов дар қаламрави вилоят, идомаи мониторинг ба манзури пешгирӣ аз ифлосшавии ҳаво ва амсоли он мусоидат хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.