Tesla бинобар қарори Брюссел барои ҷорӣ кардани боҷҳо ба воридоти мошинҳои барқии Чин бар зидди Комиссияи Аврупо аризаи даъво пешниҳод кардааст. Дар ин бора Financial Times бо истинод ба ҳуҷҷатҳои суди Аврупо хабар медиҳад.
Қаблан чунин даъвоҳо аз ҷониби ширкати автомобилсозии олмонии Bayerische Motoren Werke AG, инчунин ширкатҳои чинии BYD Co., Geely Automobile Holdings Ltd. ва SAIC Motor Corp. пешниҳод шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки соли 2024 қариб аз панҷ як қисми тамоми мошинҳои барқии дар Иттиҳоди Аврупо фурӯхташуда (тақрибан 300 ҳазор) дар Чин истеҳсол шудаанд. Бо вуҷуди он ки қароргоҳи асосии Tesla дар ИМА ҷойгир аст, аксари қисми мошинҳои он дар Чин истеҳсол мешаванд.
Бар асоси маълумот, даъвои зидди Комиссияи Аврупо дар суди умумии салоҳиятдори Аврупо баррасӣ хоҳад шуд. Аз болои ҳукми он ба Судии ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят кардан мумкин аст. Ин раванд метавонад то 18 моҳ давом кунад.