Ҳайати намояндагии Ӯзбекистон дар ҷашнвораи байналмилалии ошпазон «Worldchefs Village», ки дар шаҳри Лиони Фаронса ташкил шудааст, иштирок дорад.
Дар стенди миллии Ӯзбекистон, ки дар доираи ин чорабинии бузурги гастрономӣ ташкил шудааст, имкониятҳои сайёҳӣ, таомҳои миллии ӯзбекӣ ва мероси гастрономии кишвар ба намоиш гузошта шудаанд.
Бо мақсади зиёд намудани шумораи сайёҳон аз кишварҳои Аврупо, аъзои ҳайати намояндагии Ӯзбекистон бо намояндагони ассотсиатсияҳои мухталифи гастрономӣ мулоқот анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, гуфтушунидҳо бо намояндагони Ҷамъияти ҷаҳонии ошпазон (Worldchefs Association) баргузор шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои тавсеаи иштироки Ӯзбекистон дар ҷашнвораҳо ва намоишгоҳҳои гастрономӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии гастрономӣ ва пешбурди бренди миллии Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Меҳмонони ҷашнвора ба фарҳанги бой ва меҳмоннавозии Ӯзбекистон баҳои баланд дода, хоҳиши боздид аз кишварро баён карданд ва Ӯзбекистонро барои сайёҳии гастрономӣ самти умедбахш донистанд.
Дар ҷашнвора барои меҳмонон таоми миллии палав, ки аз ҷониби ошпазони ӯзбек омода карда шуд, пешниҳод гардид. Ин таом на танҳо бо мазза, балки бо раванди омодасозиаш таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб кард. Аз ҷумла, ҳунари омода кардани палав ба меҳмонон таассуроти амиқ бахшид ва аз ҷониби бисёр коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи гастрономия баҳои баланд гирифт.
Ҷашнвораи байналмилалии ошпазон «Worldchefs Village» то 27-уми январ идома хоҳад ёфт.