Дар сарҳади ИМА ва Мексика тирпаронӣ рух дод

Дар сарҳади ИМА ва Мексика миёни сарҳадбонон ва муҳоҷирон тирпаронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад Fox News.

Тибқи иттилои шабака, гурӯҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ кӯшиши убури сарҳадро доштанд, вале кормандони патрули сарҳадии ИМА оташ кушода, онҳоро боздошт карданд. Ҳангоми тирпаронӣ касе осеб надидааст.

Тирпаронӣ дар наздикии ҷазираи Фронтон, ки дар рӯди Рио-Гранде ҷойгир аст ва сарҳади байни Иёлоти Муттаҳида ва Мексика аз он мегузарад, рух додааст. Fox News қайд мекунад, ки Фронтонро «ҷазираи Картел» бинобар фаъолияти ҷиноятӣ дар он ҷо низ меноманд. Ба гуфтаи шабака, муҳоҷироне, ки сарҳадбонон бо онҳо даргир шуданд, шояд аъзои гурӯҳи наркотикӣ бошанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз ба вазифа шурӯъ кардан 20 январи соли ҷорӣ, дар сарҳади ҷанубии кишвар ҳолати фавқулода эълон кард. Ин ба Пентагон имкон медиҳад, ки на танҳо қувваҳои иловагӣ ба сарҳад равона созад, балки сохтмони деворро, ки дар давраи аввалини президентии Трамп оғоз шуда буд, анҷом диҳад.

23 январ президенти нав фармонеро имзо кард, ки гузариши муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз сарҳади ҷанубиро муваққатан манъ мекунад ва ба Вазорати амнияти дохилии ИМА, Вазорати адлия ва Департаменти давлатӣ супориш дод, ки барои хориҷ кардани ғайриқонуниён аз кишвар, ки тавассути сарҳади ҷанубӣ ворид мешаванд, ҳама чораҳои имконпазирро андешанд.

Манбаъҳои The Washington Post ва The Wall Street Journal хабар доданд, ки мақомоти амрикоӣ нақша доранд ҳазорон низомиро дар доираи барномаи муборизаи Трамп бо муҳоҷирон, нашъаҷаллобон ва қочоқчиён ба сарҳади Мексика фиристанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: