Рангтасвир худ асари бадеиест, ки дар ягон чизи сахт бо ёрии рангҳо офарида шудааст. Рангтасвир тасвири бадеии воқеият ва талқини он мебошад.
Санъати тасвирӣ яке аз намудҳои ҳунари мардумӣ мебошад, ки роҳи тӯлониро тай намудааст. Он баробари нахустин ҷамъияти инсонӣ пайдо гашта, дар ҳамбастагӣ бо он ташаккул ва ривоҷ ёфтааст.
Бояд гуфт, ки санъати рассомӣ, қобилияти баланди зеҳнӣ, мушоҳидакорӣ, завқи эстетикиро талаб менамояд. Ин гуна фаъолияти эҷодӣ имконияти ҳарчи бештар дарк кардани зебоӣ ва ҳаводиси зиндагиро фароҳам оварда, дар баланд рафтани завқи бадеии инсон ва шакл гирифтани шахсияташ аҳамияти калон дорад.
Санъати тасвирӣ намудҳои гуногунро дорад, ки яке аз онҳо рангтасвир мебошад. Бозомӯзии ин самт хеле ҷолиб аст. Рангтасвир худ асари бадеиест, ки дар ягон чизи сахт бо ёрии рангҳо офарида шудааст. Рангтасвир тасвири бадеии воқеият ва талқини он мебошад. Воситаи муҳимми таъсир ба андеша ва эҳсосоти тамошобин аст. Дар худ муҳити иҷтимоӣ ва ғояҳои рангорангро таҷассум мекунад. Мазмуни ғоявии рангтасвир дар мавзӯъ ва сужети он ифода меёбад. Мусаввир сужетро бо воситаҳои ифодаи тасвири ранга, аз қабили композитсия, нақш, ранг, ритм ва ғайра нишон медиҳад.
Воситаи муҳимтарини тасвир ва таъсиргузори чунин тасвир ранг аст. Рассом бо рангҳо шаклҳои зуҳури дунёӣ воқеӣ ё хаёлиро тасвир мекунад. Бепоён будани фазо, рангорангии ашёи он, ҳаракат, тағйироти руҳияи инсон, таҷрибаҳои мураккаби эмотсионалӣ, фикру хаёлоти онҳоро инъикос менамояд. Воситаи ифодаи тасвир ва тарзи корӣ дар рангтасвир бо ранг, хусусияти асбобҳо, маҳлули рангҳо вобаста мебошад.
Тарзи офаридани асарҳои рангтасвирро шартан ба ду услуб ҷудо кардан мумкин аст: ҳамвор ва ҳаҷмдор – фазоӣ. Дар услуби якум тасвир бидуни нуру соя, дар шакли ҳамвор офарида мешавад. Дар шакли ҳаҷмдор-фазоӣ бошад, тасвир бо нуру сояи ҳаҷмдор, дар ҳамбастагӣ бо муҳит тасвир мегардад. Чунин асарҳо аз ранг бой мешаванд. Дар онҳо намудҳои гуногуни ранг, ҳатто рангҳои инъикосшавандаро дидан мумкин аст.
Осори рангтасвир аз рӯйи тарзи кор, мазмун, вазифа, услуби кор ва намуди худ ба навъҳои монументал (санъати монументалӣ, рангтасвири монументалӣ), ороиш, санъати дастгоҳ, декоратсия (декоратсияи кино ва театр), миниатюра ва ғайра ҷудо мешавад. Инчунин, вобаста ба мавзӯъ ва мазмуни худ низ ба як қатор жанрҳо: анималистика, жанрҳои таърихӣ, маишӣ, батал, портрет, манзара, натюморт ва ғайра ҷудо мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳар як асари мусаввир, новобаста аз намуди он, дар тарбияи ахлоқу одоб, завқи эстетикӣ ва баланд рафтани сатҳи зебоипарастии инсон кумак мерасонад.
Аз ин рӯ, намунаҳои эҷоди мусаввирони ҷавонро, ки табиати дилкашу нотакрор, олами ҳайвонот, обидаҳои таърихӣ, иншооти замонавӣ, арзиш ва анъанаҳои миллиро тасвир кардаанд, метавон чун асари ҷолиб эътироф кард. Истеъдодҳои ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бояд дар равнақ ёфтани қобилият ва фаъолияти онҳо кумак расонд, то онҳо битавонанд дар баланд рафтани завқи эстетикии мардум содиқона хидмат намоянд.
Муҳаммадқодир ҶӮРАЕВ,
донишҷӯйи Донишкадаи миллии наққошӣ ва дизайни ба номи Беҳзод.