Шумораи аҳолие, ки дар шаҳр ва деҳот зиндагӣ мекунанд, маълум шуд

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, то ҳолати 1 январи соли 2025, дар Ӯзбекистон зиёда аз 19 миллиону 135 ҳазор нафар аҳолӣ дар маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд.

Тақсимоти аҳолии доимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи маҳалли зист чунин аст:
Аҳолии шаҳр – 19 135,8 ҳазор нафар;

Аҳолии деҳот – 18 407,4 ҳазор нафар.

То ҳолати 1 январи соли 2025, шумораи аҳолии шаҳр аз шумораи аҳолии деҳот 728,4 ҳазор нафар зиёд аст.

Ҳамзамон, шумораи умумии аҳолии Ӯзбекистон зиёда аз 37,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 18,6 миллион нафарро занон ва 18,9 миллион нафарро мардон ташкил медиҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: