Президенти Иёлати Муттаҳида ҳангоми парвоз аз Флорида ба Мэриленд ин ҳуҷҷатро имзо кард.
Президенти ИМА Доналд Трамп ба фармон дар бораи таҳияи низоми миллии дифои зиддимушакии "Гумбази оҳанин" имзо намуд. Дар ин бора рӯзи душанбе матбуоти Кохи сафед хабар дод.
Ҳуҷҷат ҳангоми парвоз аз Флорида ба иёлати Мэриленд имзо шудааст, хабар медиҳад сомонаи tass.ru,.
Дар рӯзи савгандёдкунӣ 20 январ Трамп изҳор дошт, ки низоми зикршудаи дифои зиддимушакӣ дар дохили кишвар истеҳсол хоҳад шуд. "Ман ба низомиёни худ фармон медиҳам, ки сохтмони сипари бузурги зиддимушакии "Гумбази оҳанин"-ро оғоз кунанд, ки он пурра дар дохили Иёлоти Муттаҳида истеҳсол хоҳад шуд", - гуфт ӯ.