Аз 1 апрели соли 2025 дар Ӯзбекистон нархҳои барқ ва газ тибқи тарифҳои нави тасдиқнамудаи Девони Вазирон баланд мешаванд.
Ин қарор бо зарурати навсозии инфрасохтор ва зиёд кардани иқтидори энергетикӣ тавзеҳ дода мешавад. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, сарфи назар аз болоравии нархи сӯзишворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, тарифҳои неруи барқ аз соли 2018 бозбинӣ нашуда буданд.
Муовини директори департаменти ШҲБ Диёр Нишонов таъкид кард, ки барои иваз кардани трансформаторҳои кӯҳнашуда ва зиёд кардани иқтидори зеристгоҳҳо маблағҳои иловагӣ лозиманд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Сенат муовини Сарвазир Ҷамшед Қучқоров изҳор дошт, ки сарфи назар аз болоравии тарифҳо, субсидияҳои давлатӣ барои неруи барқ то соли 2027 идома хоҳанд ёфт ва баъдан тадриҷан коҳиш хоҳанд ёфт.
Тарифҳо барои истифодабарандагони маишӣ, ки дар биноҳои бисёрошёна бо плитаҳои барқӣ зиндагӣ мекунанд, чунин мешаванд:
- То 200 кВт/соат: 300 сўм (пештар 225 сўм);
- Аз 201 то 1000 кВт/соат: 500 сўм;
- Аз 1001 то 5000 кВт/соат: 750 сўм;
- Аз 5001 то 10 000 кВт/соат: 875 сўм;
- Аз 10 000 кВт/соат зиёд: 1000 сўм.
Барои дигар истифодабарандагони маишӣ:
- То 200 кВт/соат: 600 сўм (пештар 450 сўм);
- Аз 201 то 1000 кВт/соат: 1000 сўм;
- Аз 1001 то 5000 кВт/соат: 1500 сўм;
- Аз 5001 то 10 000 кВт/соат: 1750 сўм;
- Аз 10 000 кВт/соат зиёд: 2 000 сўм.
Тарифи гурӯҳи IV барои истифодабарандагон аз 900 сўм то 1000 сўм зиёд мешавад.
Нархи 1 метри мукааб гази табиӣ низ боло меравад:
- Барои истифодабарандагони маишӣ: то 500 метри мукааб – 1000 сўм (пештар 650 сўм);
- Аз 500 то 2500 метри мукааб: 1800 сўм;
- Аз 10 000 метри мукааб зиёд: 3000 сўм.
Нархи 1 килограм гази моеъ 2000 сўм мешавад.