Дар ҳавопаймои хатсайри HY101-и ширкати Uzbekistan Airways, ки аз Тошканд ба Ню-Йорк парвоз мекард, кӯдак таваллуд шуд.
Тавре ки хидмати матбуоти ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways хабар медиҳад, ҳангоми парвоз дар яке аз мусофирон дардҳои таваллуд оғоз ёфт. Сардори экипаж ба вазъият баҳо дода, тавассути эълони овозӣ аз табибони дохили ҳавопаймо кӯмак хост.
Ба даъват аз байни мусофирон табиби занона ва ҷарроҳ ҷавоб дод. Пас аз муддате, мусофир писар ба дунё овард.
Дар робита ба ин, экипаж қарор кард, ки ба аэропорти захиравии шаҳри Кефлавик (Исландия) фуруд ояд.
«Баъди бомуваффақият фуруд омадани ҳавопаймо, кормандони тиб ба дохили он баромада, кӯмаки зарурӣ расониданд. Модар ва кӯдак ба клиникаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд», — омадааст дар хабар.