ОЗМУНИ МУСАВВИРОНИ ҶАВОН

Дар мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Чуст таҳти мавзӯи «Зинати зимистон» озмуни расмҳо баргузор гардид. Дар он рассомони ҷавони мактабҳо иштирок намуданд.

Мувофиқи шарти озмун мусаввирони навқалам дар вақти манзараҳои муайян фасли зимистонро кашиданд.

Аз рӯйи натиҷагирии масъулон ҷойи якум ба хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 55-ум Мафтуна Худойбердиева, ҷойи дуюм ба толибаи синфи 10-уми таълимгоҳи рақами 13-ум Одина Ҳаитова ва ҷойи сеюм ба толибилми синфи 5-уми маърифатгоҳи рақами 10-ум Нозанин Сайфуллоева насиб кард. Ба фаъолон ифтихорномаю туҳфаҳо супурданд.

Озмуни мазкур бо мақсади бой гардонидани дунёи маънавӣ, камолоти авлоди ояндасоз ва пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо барпо гардид.

Ш. МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: