ДАР КОРХОНА 28 НАМУДИ НӮШОКИҲО ИСТЕҲСОЛ МЕГАРДАД

Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Brightly Mega Water»-и шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё ба истеҳсоли нӯшокиҳои салқин ихтисосонида шудааст.

Корхона соли 2017 ташкил ёфта буд. Имрӯз дар ин ҷо 28 намуди шарбат, сок ва нӯшокиҳои салқин истеҳсол мегардад ва 28 нафар бо кори доимӣ банд мебошанд. Иқтидори солонаи истеҳсолӣ 250 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти тайёр асосан ба бозорҳои маҳаллӣ, инчунин экспорт карда мешавад.

Дар сурат: дар ҶММ «Brightly Mega Water»-и шаҳри Тирмиз.

Суратгир: Ҷ. ҚӮзимуродов. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: