Дар рӯзномаи таиландии «Bangkok Business news» ва портали хабарии «Bangkokbiznews» мақолаи сафири Таиланд Танялук Проммани оид ба абрешим нашр шудааст, ки дар он муаллиф дар бораи сафараш ба Ӯзбекистон ва мероси фарҳангии беназири кишвари мо нақл кардааст.
Мақола аз аҳамияти Ӯзбекистон ҳамчун нуқтаи калидӣ дар Роҳи бузурги абрешим, ки дар тӯли асрҳо фарҳангҳои шарқӣ ва ғарбиро ба ҳам меорад, нақл мекунад.
Муаллиф таассуроти худро аз шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон – Самарқанд, Бухоро ва Хива, ки на танҳо марказҳои тиҷоратӣ, балки нигоҳдорандагони мероси фарҳангӣ ва меъморӣ ҳастанд, баён кардааст.
Танялук Проммани аҳамияти майдони Регистон дар Самарқанд, Осорхонаи давлатии санъати ба номи Савитский дар Қароқалпоқистон ва бозори Чорсу дар Тошкандро ҳамчун маконҳои асосии фарҳангӣ, ки ҳар як сайёҳ бояд боздид кунад, қайд кардааст.
– «Меъмории бошукӯҳ ва фарҳанги гуногуни Ӯзбекистон воқеан илҳомбахш аст», – таъкид кардааст Танялук Проммани. Вай инчунин афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони таиландӣ ба Ӯзбекистон ва манзараҳои беназири онро, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад, зикр намудааст.
Қайд карда мешавад, ки афзоиши ҷараёни сайёҳон аз Таиланд ба Ӯзбекистон ба шарофати хатсайрҳои мустақим ва содда кардани раванди гирифтани раводид имконпазир шудааст. Ӯзбекистон имкониятҳои фаровонро барои омӯзиши фарҳанг ва таърих, инчунин лаззат бурдан аз манзараҳои табиии аҷиб, аз ҷумла Баҳри Арал пешниҳод мекунад.
Дар охир Танялук Проммани сайёҳони таиландиро даъват кардааст, ки Ӯзбекистонро бо мероси бойи он кашф кунанд ва таъкид намудааст, ки кишвари мо на танҳо таассуроти нав мебахшад, балки фаҳмиши мутақобилаи байни ду фарҳангро амиқтар мекунад.
АИ «Дунё»,
Бангкок.