МАНФИАТИ ХАЛҚ АЗ ҲАМА ВОЛОСТ

Кулли соҳаҳо дар марҳилаи нав ислоҳоти васеъмиқёс ва таҷдидёбиҳоро тақозо мекард. Арзу шикоятҳои мардум бобати тамоми соҳаҳо аксар беҷавоб мемонданд. Қабули роҳбарон мувофиқи ҷадвал сурат намегирифт. Аз сабаби норасоии пули нақд маоши кормандону нафақаи шаҳрвандонро ба кортҳои пластикӣ мепартофтанд ва онҳо маҷбур буданд, ки 20-30 фоиз зарар дида, маблағи кортҳои пластикиро ба пули нақд табдил диҳанд...

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат анъана, арзишҳои миллиамон эҳё гардида, рӯзгорамон пурҷозибатар мешавад. Дар давоми даҳсолаҳои сипаригашта дар ҳаёти одамон ва мамлакат воқеаҳои назаррас ба амал омада, мардум дар давраи нав ба кору зиндагӣ одат карданд. Соҳибони мулки хусусӣ, истеҳсолотро ба зиммаи худ гирифтанд. Бо вуҷуди ин дар ҷабҳаҳои гуногуни мамлакат масъалаҳои ҳалталаб кам набуданд. Кулли соҳаҳо дар марҳилаи нав ислоҳоти васеъмиқёс ва таҷдидёбиҳоро тақозо мекард. Арзу шикоятҳои мардум бобати тамоми соҳаҳо аксар беҷавоб мемонданд. Қабули роҳбарон мувофиқи ҷадвал сурат намегирифт. Аз сабаби норасоии пули нақд маоши кормандону нафақаи шаҳрвандонро ба кортҳои пластикӣ мепартофтанд ва онҳо маҷбур буданд, ки 20-30 фоиз зарар дида, маблағи кортҳои пластикиро ба пули нақд табдил диҳанд... Хулласи калом, дигаргуниҳои ҷиддӣ, ислоҳоти самаранок, бартарафкунии камбудию нуқсонҳои ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат бевосита бо фаъолияти Президент Ш.Мирзиёев алоқаманд аст.

Вай аз рӯзҳои аввали чун сарвари давлат ба кор сар кардани худ ба равандҳои ошкорбаёнию шаффофӣ, таҳлили объективию ҳақиқатбаёнӣ амал карда, ба ҷараёнҳои номаъқули маддоҳию худситоӣ нуқта гузошт. Баробари ин, ӯ роҳбаронро водор намуд, ки камбудию нуқсонҳоро мардона эътироф намуда, баҳри бартарафсозии онҳо чораҷӯӣ кунанд. Президент дар яке аз суханрониҳояш дар оғози кор «Халқ на барои идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ бояд барои халқ хидмат кунанд» гуфта худро чун роҳбари халқпарвар муаррифӣ карда буд.

Охири солҳои 2000-ум ба муаллифи ин сатрҳо низ депутатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Бухоро насиб карда буд. Ҳақиқати одӣ: мардум байни чор номзад ба банда бештар бовар карда, овоз дода буданд. Ин боварӣ водор мекард, ки муносиби он рафтор кунам. Овардани гази табиӣ ба ҳудуд масъалаи аввалиндараҷаи хурду калон буд. Мардум дар ин бора аз кӯмаки банда умедвориҳо доштанд. Ба нақша дароварда, ҳал кардани маблағи калон кори осон набуд. Хостам дар ин бора мадад расонам. Дар сатҳи вилоят ҳал кардани ин масъала пеш омад. Бо ин мақсад ба қабули ҷонишини ҳокими вилоят рафтам. Боз дар қабули роҳбари «Облсовпроф» низ ин ҳолат такрор шуд. Камина ин ҷо на барои манфиати шахсӣ, балки баҳри ҳалли масъалаи мардум – рӯиоб баровардани орзуи деринаи онҳо омада будам. Рафтори ғайричашмдошти ду роҳбари бонуфуз алам кард. Вақте ки муносибат ба қабули депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят, мухбири рӯзномаи ҳукуматӣ дар вилоят чунин бошад, пас шаҳрванди оддӣ дардашро ба кӣ гӯяд?! Ин андеша водор намуд, ки дигар ақибнишинӣ накунам ва дар доираи ваколати худ бояд амал намоям. Сессияи навбатии вилоят наздик меомад. Аҳд кардам, ки «дарди дилам»-ро он ҷо кушоям. Баъди маърӯзаи асосӣ навбат ба гузоришҳо омад. Баъди суханронии ду нафар қолабшиканӣ карда, ғайри чашмдошти мутасаддиёни ҷамъомад даст боло кардам. Бо рухсати раиси Шӯро – ҳокими вилоят ба минбар баромадам.

– Муҳтарам ҳоким, – рӯ овардам ба раиси Шӯро, – дар вилоятҳои ҳамсоя ду-се бор роҳбар иваз гардид, вале шумо ҳамоно кор мекунед, ба фикрам ин нишонаи хубии услуби роҳбарӣ дар вилоят аст. Вале маро маъзур доред, на ҳамаи роҳбароне, ки ин ҷо ҳузур доранд, ба вазифаи худ муносибанд...

Он рӯзҳо яке аз ривоятҳои – «Харро қабул» кардани Анӯшервони Одил»-ро аз асарҳои пурқимати давлатдорӣ «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, ки дар асри Х ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфта, ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, хондани онро Президент ба ҳамаи роҳбарон тавсия карда буд, бо рухсати садри маҷлис ба аҳли сессия нақл карда, онро чунин хулоса карда будам: «Чи хеле ки мебинед, подшоҳ дар сарояш харро «қабул кардааст, ин ҷо роҳбароне ҳастанд, ки депутат – намояндаи халқро қабул кардан намехоҳанд». Аҳли толор чапакзанон ба по хеста, бандаро ҷонибдорӣ мекарданд. Инчунин «Шумо дарди дили моро гуфтед. Ҷои шумо аслан Олий Маҷлис» гуфтани эшон ба гӯш мерасид.

Дар ҳақиқат, дар муҳити онрӯза аз минбари бонуфуз гуфтани ин қабил суханон осон набуд.

Азбаски ҳоким марди оқил буд, вай бо ташаббуси худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қабули сайёри худ ва муовинонашро ба роҳ монд.

***

Он солҳо дар низоми мактабу маориф, аниқтараш таълимгоҳҳои ғайриӯзбекӣ кори бемантиқе рух дод. Хатмкунандагони ин гуна мактабҳо, аз ҷумла шогирдони таълимгоҳҳои тоҷикӣ маҷбур буданд, ки барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ аз фанҳои омӯзонданашудаи забон ва адабиёти ӯзбек имтиҳон супоранд. Ин қоида боиси норозигии падару модарон гашта, баъзеи эшон «чӣ бояд кард?» гӯён ба муаллифи ин сатрҳо низ муроҷиат карда буданд. Писари худам, ки мактаби миёнаи тоҷикиро бо шаҳодатномаи аъло хатм карда буд, ҷабри ин беадолатиро кашид ва камина маҷбур шудам, ки ба раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ даромада вазъиятро фаҳмонам (ин масъала дар мақолаам «Лоқайдӣ ё ки «Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...» («Овози тоҷик», 30 апрели соли 2003) батафсил ифода ёфтааст).

Шояд мардум пайхас карда бошад: сарвари давлат дар навбати аввал ҳокимон (роҳбарон)-ро аз осмон ба замин – назди мардум овард. Яъне ҳокимони вилоят (дар ошёнаи 12-ум қарор доштанд), шаҳру ноҳияҳо ошёнаи баландтарини бино – қароргоҳи худро тарк карда, ба ошёнаи якум фаромаданд, ки ин ба назарам маънои рамзӣ дорад.

Дигаргунӣ, ислоҳоте, ки бо шарофати сиёсати халқпарварона ва раванди «розӣ кардани мардум» дар мамлакатамон ба амал меояд, бешубҳа, ҳамдиёронамонро рӯҳбаланд месозад. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади бартарафсозии масъала, дарду ташвишҳои мардум ташкил ёфта фаъолият нишон додани қабулхонаҳои халқии Президент мувофиқи ҷадвал пай дар пай ба амал омадани қабули муқаррарӣ ва сайёри тоифаҳои гуногуни роҳбарон, бори аввал дар таърихи мамлакат ба ҳавзаҳои интихоботии худ омада бо интихобкунандагон – мардуми одӣ мулоқот кардани депутатҳои Олий Маҷлис, сенаторон, бо мақсади омӯхтани вазъи рӯзгори шаҳрвандон ба маҳаллаҳо омадани вазирон, роҳбарони идораҳои давлатӣ, қабулҳои сайёри органҳои бонуфузи ҷумҳурӣ, аз сиёсати яккаҳокимии зироати пахта рӯ тофта, аз меҳнати маҷбурӣ озод гардидани талабагону донишҷӯён, омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ, аз корҳои берун аз соҳа раҳоӣ ёфтани онҳо, ислоҳоти соҳаҳои пулу асъор, дар ҳудудҳо фаъолият нишон додани банкоматҳои пулнақдкунӣ, озодии хариду фурӯши асъор дар бонкҳо ба туфайли таъмини адолати иҷтимоӣ ба мактабҳои олӣ дохилшавии довталабони муносиб, ошкорбаёнии ВАО, падидоии намудҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ғамхорию чорабиниҳо бобати аз байн бурдани тангии иқтисодӣ дар оилаҳо, маҳдудсозии бекорӣ, ободгардонии деҳаю маҳаллаҳо, ҳифзи саломатии мардум, таъмини одамон бо газ, барқ, оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳо, эътибор ба дӯстии халқҳо, рӯзгори ҷавонон, бонувон, таҷдидёбии ҳаёти маҳаллаҳо... ин ҳама бо мақсади таъмини манфиатҳои мардум сурат мегиранд.

***

Таҳти роҳбарии Сарвари давлат масъалаю муаммоҳои аҳолӣ пай дар пай омӯхта шуда баҳри ҳалли онҳо чораю тадбирҳо дида мешавад. Барои аз ҳуқуқи худ пурра ва бемонеа истифода бурдани аҳолӣ ва соҳибкорон, баррасии муроҷиатҳои онҳо дар асоси талабҳои Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намудани шаклҳои гуногуни мулоқоти байни аҳолӣ ва шахсони мансабдор, байни халқу давлат чун кӯпрук – пули мустаҳкам хидмат кардан вазифаи асосии Қабулхонаи халқии Президент ба шумор меравад.

Дар соли 2024 тавассути қабулхонаҳои виртуалию халқии Президент аз аҳолии вилояти Бухоро оид ба 61,6 ҳазор масъала муроҷиат омадааст. 24,8 ҳазор онҳо (40,3 фоизашон) мусбат ҳал шудааст. Ба 32 ҳазор маслиҳати ҳуқуқӣ дода, 1641 аз байн бардошта шуда, 1001 рад гардидааст. 342 аз назар соқит шуда, 273 ҳамчун маълумот қабул гардидааст. 106 дар муддати дароз ба назорат гирифта шудааст. Миқдори муроҷиатҳо вобаста ба масъалаҳо чунин аст: нафақа ба бачагони то 18-сола (3,1 ҳазор), ариза оиди ситонидани алимент (2,1 ҳазор), ёрии якдафъаина ба муҳтоҷон (2 ҳазор), бебаҳрамонӣ аз таъминоти барқ (1,7 ҳазор), бошуғлфарогирӣ, роҳсозӣ ва таъмири он, шағалфаршкунӣ ва асфалтпӯшкунӣ (1,2 ҳазорто), талаби маблағ барои табобату ҷарроҳӣ (1,1 ҳазорто), беҳтарсозии шароити зист, таъмир, сохтани хонаю ҷой (1 ҳазорто), 23575-тои ин муроҷиатҳо, яъне 41,8 фоизашон ҳалли худро ёфтаанд. Соли гузашта ба секторҳо 29595-то муроҷиат расида, 15939-тои онҳо (53,8 фоизашон) ҳалли эҷобӣ ёфтааст.

Мувофиқи омӯзиш ва таҳлили қабулхонаҳои халқӣ бо мақсади ислоҳ намудани камбудиҳо ба идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо 328-то тақдимнома, 165-то таклиф ва ба шӯроҳои депутатҳои халқӣ 199-то ахбор ворид гаштааст. Мувофиқи ҳуҷ-ҷатҳои воридгашта баробари бартараф шудани норасоиҳо 349 нафар кормандони идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо огоҳонида шудаанд, ба 102 нафар корманд танбеҳ дода, аз маоши 14 нафар ҷарима ситонида шудааст, 40 нафар ходим аз вазифааш сабукдӯш гардидааст, 24 нафар корманд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Бо мақсади самаранок иҷро кардани вазифаю супоришҳо аз ҷониби масъулони қабулхонаҳои халқии вилоят корҳои бонизом сурат мегирад.

Аз ҷумла, онҳо ҳангоми омӯзиш бо шароити зиндагии шаҳрванд – истиқоматкунандаи деҳаи Кӯлиҷаббори ноҳияи Ғиждувон Ҳоҷиқурбон Ҳамроев шинос шуданд. Маълум гардидааст, ки шароити зисти онҳо хеле вазнин аст. 7 нафар аъзои оила дар як хона буду бош дошта, 3 нафари онҳо ногироянд. Соли 2024 бо ташаббуси Қабулхонаи халқӣ, роҳбари сектор ва масъулони дахлдор аъзоёни ин хонадон аз назорати тиббӣ гузаронида шуда, бо мақсади беҳтар кардани шароити зисти онҳо хонаю ҷойи эшон аз таъмир баромад.

Ба ғайр аз ин бо дахолати Қабулхонаи халқӣ соли гузашта дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чандир»-и ноҳияи Рометан барои кӯдакони маҳалла бинои дуошёнаи замонавии муассисаи таълими томактабӣ (қиматаш 1 миллиарду 391 ҳазор сӯм) бунёд гардида, он охири соли гузашта чун туҳфаи солинавӣ ба истифода супорида шуд. Ҳамин гуна дар мактаби миёнаи рақами 34-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғазберон»-и ҳамин ноҳия бинои нави мактаб (дорои 270 ҷой) сохта, ба истифода супурда шуд.

Ҳамин тариқ, низоми кори қабулхонаҳои халқӣ ба муроҷиатҳои аҳолӣ сол то сол беҳтар мегардад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: