Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг

  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи худшиносии миллӣ, илм, маориф ва фарҳанг

Президент Шавкат Мирзиёев 29 январ бо корҳои созандагие, ки дар Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд, шинос шуд.

Ин лоиҳаи беназир дар таърихи кишвари мо ҳамто надорад. Имрӯз бинои бошукӯҳ аллакай қомат афрохта, сохтмон ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

Марказ тибқи қарори Президент аз 23 июни соли 2017 бунёд мегардад. Дар рӯзи иди Рамазон соли 2018 санги аввали он бо иштироки роҳбари давлат гузошта шуд.

Иншооти бошукӯҳи марказ аз се ошёна иборат буда, бо услуби ёдгориҳои меъмории қадима сохта шудааст. Гумбази анъанавӣ ва намои берунии бино, ки бо омезиши нотакрори нақшу нигори миллӣ зеб дода шудааст, ба он шукӯҳи хоса мебахшад. Дар чор гӯшаи маҷмаа порталҳо бо баландии 34 метр қомат афрохтаанд ва дар маркази он гумбаз бо баландии 65 метр ҷойгир аст.

Қалби марказ толори Қуръон хоҳад буд. Дар ин ҷо ёдгории бебаҳои ҷаҳони ислом – Мусҳафи Усмони қадимтарин нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, нусхаҳои китоби муқаддас, ки дар давраи Сомониён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Ӯзбекхон, Темуриён ва дигар сулолаҳои таърихӣ эҷод шудаанд, тарҷумаҳои он ба забони ӯзбекии қадим ва нусхаҳои дастнависи хеле нодири Қуръон аз тамоми ҷаҳон намоиш дода мешаванд.

– Китобҳои зиёде, дастхатҳои қадима, маълумоти нодир ва асарҳои ҳунарӣ, ки ба мероси ғанӣ ва беназири мо тааллуқ доранд, ба кишварҳои гуногун пароканда шуда, дар тӯли солҳои зиёд барои мо ноошно боқӣ монда буданд. Ба шарофати ин марказ, мо дар омӯзиши таърих қадамҳои бузурге гузоштем, манбаъҳои навро кашф кардем. Аммо акнун муҳим аст, ки онҳоро на танҳо ҳамчун ёдгориҳои гузашта ҳифз кунем, балки ба муомилоти илмии фаъол ворид намуда, дар шакли дастрас ба шаҳрвандони худ, бахусус ба ҷавонон, расонем ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Ин марказ бояд на танҳо ҳифзкунандаи таърих бошад, балки ба як фазои зеҳнӣ табдил ёбад, ки гузашта, ҳозира ва ояндаро пайванд дода, самтҳои калидии рушди моро муайян мекунад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Дар ин маҷмаа бахшҳои «Тамаддунҳои тоисломӣ», «Давраи Ренессанси аввал», «Давраи Ренессанси дуввум», «Ӯзбекистон дар асри XX» ва «Ӯзбекистони нав – Ренессанси нав» ташкил карда мешаванд. Президент ба консепсияи илмии онҳо ва шароити муҳайёшуда таваҷҷуҳи махсус дод.

Таърихи ин давраҳо тавассути артефактҳои гуногун, манбаъҳои хаттӣ, аксҳо ва технологияҳои мултимедӣ намоиш дода мешавад. Ба фаъолияти гуногунҷанбаи олимон ва мутафаккирон Ал-Хоразмӣ, Ал-Фарғонӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Берунӣ, Ибни Сино, Маҳмуди Замахшарӣ, Мирзо Улуғбек, Алишер Навоӣ, Алӣ Қушчӣ ва дигарон таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.

Ҳамчунин саҳми мутафаккирони бузург, аз қабили Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Абу Мансур Мотуридӣ, Абу Муин Насафӣ, Қаффол Шошӣ, Абдулхолиқ Ғиҷдувонӣ, Нажмиддин Кубро, Бурҳониддин Марғинонӣ, Баҳоваддин Нақшбанд, Хоҷа Аҳрор Валӣ дар рушди маърифати исломӣ муфассал равшан карда шудааст.

Ҳамзамон, як бахши алоҳида ба занони барҷастаи гузашта – Бибихонум, Хонзодабегим, Гавҳаршодбегим, Гулбадан, Нодирабегим, Увайсӣ, Анбар отин, ки илм ва ҳунарро пуштибонӣ мекарданд, бахшида шудааст. Ин намоишгоҳ барои духтарони муосир як намунаи илҳомбахш хоҳад шуд.

Сарвари давлат аҳамият ва вазифаҳои марказро таъкид кард.

– Дар асоси тамаддуни исломӣ ва таълимоти ислом ҳамеша илм, фарҳанг, маориф ва тарбия қарор доштанд. Маҳз ҳамин арзишҳо дар пояи марказе, ки мо бунёд менамоем, гузошта шудаанд. Ҳадафи асосии он – дар як ҷо муттаҳид сохтани мероси ҳазорсолаи фарҳанги исломӣ, ки бо кишвари мо пайвандӣ дорад, мебошад. Ҳар касе, ки аз ин марказ боздид мекунад, метавонад бузургии ин таърихро бо чашми худ бубинад, дарк намояд, ки ислом пеш аз ҳама дини сулҳ, пешрафт ва таҳаммулпазирӣ мебошад, инчунин саҳми бузурги халқи ӯзбекро дар тамаддуни ҷаҳонӣ амиқтар фаҳмад, – зикр кард Президент.

Дар ин замина таъкид гардид, ки мероси ниёгони бузургро бояд амиқ омӯхт ва онро ба як неруи зинда табдил дод, ки қодир аст ба чолишҳои замони муосир посух гӯяд. Муҳим аст, ки фаъолияти Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон, марказҳои таҳқиқотӣ, ки номи Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридиро доранд ва дигар муассисаҳои илмӣ-маърифатӣ аз лиҳози илмӣ ва методологӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Бо талошҳои муштарак бояд ба чолишҳои муҳим ҷавобҳои илмӣ таҳия намуд, инчунин ба ҷаҳолат бо маърифат муқовимат кард.

– Дар оянда ин марказ ба рамзи мактаби меъморӣ, иқтидори илмӣ ва маънавии Ӯзбекистони Нав табдил хоҳад ёфт. Ҳар як бахши он бояд маънои амиқ дошта бошад ва ин рисолатро инъикос намояд. Айни замон ҳамкорӣ бо осорхонаҳо, китобхонаҳо ва мутахассисони бонуфузи хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, асарҳои илмӣ ва китобҳо нашр мегарданд. Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки ин фаъолият низомнок ва аз лиҳози илмӣ асоснок бошад. Ҳадафи асосии мо – дарки амиқ ва таблиғи ҳувияти миллии мост, – таъкид намуд сарвари давлат.

Марказ бо ташкилотҳои пешбари байналмилалии илмӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва ICESCO, фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Дар моҳи августи соли 2024 дар Тошканд ва Самарқанд Конгресси VIII байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси ниёгони бузург – асоси Ренессанси сеюм» баргузор гардид, ки дар он тақрибан 200 олим аз 35 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ оид ба рушди минбаъдаи марказ пешниҳодҳои арзишманд ироа гардиданд.

Пас аз шиносоӣ бо раванди сохтмон ва консепсияи экспозитсияи оянда, Президент барои ташкили фаъолияти марказ, пур кардани муҳтавои он ва такмили минбаъда супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат ҳамчунин бо тақдимоте, ки ба рушди иқтидори сайёҳии пойтахт бахшида шудааст, ошно гардид.

Айни замон дар ноҳияҳои гуногуни Тошканд лоиҳаҳои бузурги сайёҳӣ амалӣ мегарданд. Дар ноҳияҳои Бектемир, Мирзо-Улуғбек, Мирабод, Юнусобод, Яккасарой ва Янгиҳаёт даҳҳо иншооти сайёҳӣ, ки дар тартиби 24/7 фаъолият хоҳанд кард, таъсис дода мешаванд.

Қисми кӯҳнаи шаҳри Тошканд дорои арзиши хоси таърихӣ буда, дар тамоми фаслҳои сол сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад. Бо ин сабаб, он ҳамчун кластери махсуси сайёҳӣ фаъолона рушд меёбад. Аз ҷумла, соли гузашта дар маҳаллаи Гулбозор, ки дар наздикии бозори Чорсу ҷойгир аст, кӯчаи сайёҳии мавзӯӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, дар боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Абдулло Қодирӣ корҳои васеи ободонӣ идома доранд.

Дар ояндаи наздик дар ноҳияи Олмазор кӯчаҳои гастрономӣ ва сайёҳӣ таъсис дода мешаванд. Дар доираи ин лоиҳа 17 кӯча ва 32 хиёбон интихоб гардидаанд, ки дар онҳо бо ҳифзи симои меъмории хоси Шаҳри куҳна иншооти иловагии инфрасохтори сайёҳӣ бунёд хоҳад шуд.

Интизор меравад, ин дигаргунсозиҳо шумораи соҳибкоронро дар ин минтақа 250 нафар зиёд намуда, 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меорад. Аз ҳама муҳимаш, ҳаҷми ҷараёни ҳаррӯзаи сайёҳон аз 4 ҳазор то 11 ҳазор нафар хоҳад афзуд.

Президент ба шахсони масъул супориш дод, ки барои тавсеаи имкониятҳои соҳибкорон ва ҳунармандон чораҳои иловагӣ андешида, ҳамчунин хатсайрҳои сайёҳиро ташкил намоянд, то сафарҳо дар пойтахт боз ҳам пурмазмунтар ва ҷолибтар шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: