Ба ҳамаи шаҳрвандон, ки мулки худсарона аз худ намудаи онҳо тибқи Қонун «Дар бораи эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» баррасӣ мегардад, шиносномаи кадастр дода мешавад.
Касеро пӯшида нест, солҳои ҳокимияти шӯравӣ ва аввали Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шаҳрвандони зиёди мамлакат худсарона, бе ҳеҷ гуна рухсати муассисаҳои давлатӣ, хусусан дар деҳот заминро соҳибӣ намуда, ҳавливу хонаҳои истиқоматӣ бунёд намудаанд. Байни шаҳрвандон бо баҳонаи замини «бобоиву падарӣ» баҳсу талошҳои зиёд ба миён меомад. Баъзеҳо мулки давлат будани заминро гӯё фаромӯш карда буданд. Инак, боди ояндасози Истиқлолияти давлатӣ ба ин ҳама баҳсу талошҳо ва худсарона азхуд кардани замин хотима гузошт. Маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ташаккул ва рушд меёбад.
7 сентябри соли 2020 Президент ба Фармон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми ба ҳисоб гирифтани замин ва кадастрҳои давлатӣ» имзо гузошт. Мувофиқи он Агентии кадастри назди Кумитаи давлатии андози ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Фармон дар баробари навгониҳои зиёди дигар, оид ба қайди объектҳои кадастрҳои давлатӣ ва ворид кардани онҳо ба Системаи миллии иттилоотии ҷуғрофӣ вазифаҳоро муайян намуд.
Ҳамин тариқ, аввалин бор дар таърихи ҷумҳурӣ баҳисобгирии пурраи заминҳои хоҷагии қишлоқ гузаронда мешавад. То имрӯз харитаҳои электронии 23 миллион гектар ин гуна замин тартиб дода шудаанд. Аз ин 22 миллион гектараш расман ба қайд гирифта шудааст.
Дар минтақаҳо бисёр заминҳои ғайрикишоварзӣ вуҷуд доранд. Зиёда аз 10 миллион гектар дар ихтиёри Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, 820 ҳазор гектар дар системаи Вазорати хоҷагии об, 450 ҳазор гектар замини атрофи роҳҳои автомобилгард ва 3 миллиону 300 ҳазор гектар дар захираи ҳокимиятҳо қарор дорад.
Чун дар боло зикр гардид, дар баланси замин майдони фонди манзили аҳолӣ 223 ҳазор гектар нишон дода шуда, дар воқеъ аз 1 миллион гектар зиёд аст. Дар мамлакати мо оид ба нигоҳ доштан, адолатнок ҷудо ва оқилона истифода кардан аз захираҳои замин кори низомнок пеш бурда мешавад.
27 октябри соли 2023 Президент доир ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои замин, беҳсозии баҳисобгирии замин ва хидматрасонии кадастр ҷамъомад баргузор намуд. Дастовардҳои се соли охир хеле назаррас аст. Дар се соли охир харитаи электронии 96 фоизи замин ба вуҷуд оварда шуд. Ба пойгоҳи андозбандӣ 40 миллион гектар дохил карда, ба қайд гирифта шудааст. Бо низоми кадастр 790 ҳазор сохтмони нав ва 520 ҳазор сохтмони қаблан берун аз ҳисоб фаро гирифта шуд. Аз ҳисоби ин, манбаи даромад ба буҷа дар ҳаҷми 1,1 триллион сӯм ба вуҷуд оварда шуд.
Бо вуҷуди ин бинобар ҳисобу китоб, 2,4 миллион ҳавлӣ дар ҷумҳурӣ соҳиби ҳуҷҷати моликият нестанд. Бидуни расмӣ намудани кадастр онҳо аз лиҳози ҳуқуқи иқтисод маҳдуд мебошанд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи вогузоштани ҳуқуқи мулки хусусӣ барои иморати ғайрирасмӣ омода карда шавад.
Қонун «Дар бораи эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд», 5 августи соли 2024 аз ҷониби Президент имзо шуд. Қонун 9 апрели соли 2024 дар Палатаи қонунгузорӣ қабул гардида, аз ҷониби Сенат 21 июни соли 2024 тасдиқ гардидааст. Мақсад аз қабули қонун ба танзим овардан ва ба расмият даровардани қитъаҳои замине мебошад, ки шаҳрвандон дар онҳо бино ва иншоотро худсарона сохтаанд. Мулке, ки аз ҷониби шаҳрвандон бунёд ва ё сохта шудааст, аз ҷониби намояндагони хадамоти Агентии палатаи кадастр ва ё намояндагони садорати вилоятию шуъбаҳои ноҳиявӣ омӯхта шуда, нақшаи он тартиб дода шуда, ба номи мулкдор қонунан расмӣ карда мешавад. Ба ин мақсад дар шуъбаҳои Агентии кадастри ҳар як ноҳияи вилояти Навоӣ «Маркази эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» таъсис дода шудааст. Бо мақсади шинос гардидан бо фаъолият ва вазифаҳои минбаъдаи ин муассиса бо роҳбари шуъбаи Агентии кадастри ноҳияи Нурато Э. Рӯзимуродов мулоқот кардам. Ӯ дар бораи моҳият ва мақсади қарор ва вазифаҳои минбаъда маълумот дод ва пешниҳод намуд, ки барои дарёфти маълумоти муфассал дар ин соҳа ба сарвари «Маркази эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» Сардор Ҳамидов муроҷиат намоям. Барои расонидани кумаки амалӣ ба сарвари марказ занг зад. Ҳамидовро дар коргоҳаш дарёфтам.
— Мақсади кормандони муассисаи мо кӯмак ба мардум аст. Замини наздиҳавлигӣ ва бинову иншооти онҳоро, ки худсарона сохтаанд, чен ва бо талаботи қонуни давлатӣ баррасӣ намуда, ба расмият даровардан аст. Пас аз имзои Қонун «Маркази эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» таъсис ёфт. Нақша ё худ лоиҳаи фаъолияти марказ барои солҳои 2024-2027 тартиб дода шуд. Ноҳия дорои 31 маҳаллаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳудуд ва аҳолии ҳар як маҳалларо ба назар гирифта, нақшаи тақвимии кории худро муайян намудаем. Ходимони марказ бояд ҳар рӯзи корӣ 15 қитъаи замин ва бинову иншооти худсарона дар он аз ҷониби шаҳрвандон сохташударо омӯхта, баррасӣ намоем. Барои моҳҳои ноябр – декабри соли 2024 маҳаллаҳои Шаҳристон ва Эшони Судур пешбинӣ шуда буд. Дар маҳаллаҳои номбурда мутобиқан 260 ва 687 объекти худсарона аз худ кардани замин ва бинову иншооти сохташуда, ба рӯйихат гирифта шуда буд. Аз ин миқдор дар 30 ва 195 объект касе зиндагӣ надорад, 218 ва 483 биноҳои истиқоматӣ, 12 ва 9 иморатҳои сохтмонаш ба охир нарасида ба рӯйихат гирифта шуда буд. Соли 2024 дар маҳаллаи Шаҳристон ба расмият даровардани мулкҳо пурра ба анҷом расонида шуд.
Дар соли 2025 ба расмият даровардани 3290 объект дар маҳаллаҳои Чуя, Синтоб, Бӯстон, Ҷарма ва Қизилча ба нақша гирифта шудааст. Сафи кормандони соҳаро зиёд намудаем, то нақшаи корӣ дар вақти муайяншуда анҷом ёбад.
– Баъзан ба эътирози шаҳрвандон дучор мегардем. Аризаҳо зиёд. Мехоҳанд, ки зудтар мулки худсарона аз худ намудаи онҳо эътироф карда шавад, — гуфт дар идомаи сӯҳбат Сардор Ҳамидов. – Ҳудуди ноҳия васеъ аст. Масофа аз маркази ноҳия то Синтоб беш аз 130 км бошад, то Чуя беш аз 60 км аст. Бинобар ин кормандони марказ тибқи нақшаи корӣ бо навбат дар ҳар як маҳалла эътирофи мулкҳои худсарона азхудшударо баррасӣ менамоянд. Бинобар ин нақшаи тақвимии фаъолияти марказ ба раёсати ҳамаи маҳаллаҳо расонида шудааст.
Ба ҳамаи шаҳрвандон, ки мулки худсарона аз худ намудаи онҳо тибқи Қонун «Дар бораи эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» баррасӣ мегардад, шиносномаи кадастр дода мешавад.
— Ҳоло шиносномаҳои кадастрӣ дар шакли кортҳои пластикӣ дода мешаванд, — эътироф дошт Сардор Ҳамидов. — Ҳамаи марказҳои кадастри ноҳиявӣ ва шаҳрии хадамоти давлатии вилоят ба додани шиносномаҳои нави кадастр дар шакли кортҳои пластикӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон шурӯъ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати минтақавии Агентии хидматҳои давлатӣ шиносномаи кадастрӣ шакли электронӣ дорад ва дорои ҳама маълумот дар бораи амвол, аз ҷумла рақами кадастр, маълумоти соҳиби моликият, рақами мушаххаси шахси воқеӣ, намуди моликият, нақшаи кадастр ва маълумоти дигар мебошад. Шиносномаи кадастр эътирофи ҳуқуқи соҳибмоликиятии шахси воқеӣ ва соҳибкор мебошад. Намунаи нави шиносномаи кадастр низоми QR-код дошта, бо ёрии он мулкдор метавонад дар вақти дилхоҳ ба воситаи иловаи махсуси телефони мобилӣ дар бораи мулки ғайриманқул маълумот гирад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».