Аз ҳудуди маҳаллаи «Ёшлик» барои сохтмони биноҳои нави донишгоҳ 19 гектар замин ҷудо карда шудааст. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои 12 ҳазор нафар донишҷӯ биноҳои таълимии таъмин бо таҷҳизоту технологияи замонавӣ, хобгоҳ барои 2400 нафар, иншооти варзишӣ, амфитеатр, лабораторияҳои замонавӣ, осорхона, маркази тадқиқоти илмӣ, китобхона ва ҳавзҳои шиноварии кушод ва пӯшида сохта мешаванд.
Дар Ӯзбекистон, ба рушду нумӯи таълиму тарбия ва таҳсилоти ҷавонон эътибори зиёд дода, ба онҳо шароит ва имконоти бештар муҳайё фароҳам оварда. Чунки ояндаи дурахшони давлатдорӣ, рушди босуботи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳанг маҳз ба дониш ва маърифати ҷавонон пайвандии зич дорад. Дар ин замина гулгулшукуфии мамлакат ва фаровонии зиндагии мардум таъмин мегардад. Маҳз ҷавонон бунёдгузори Ӯзбекистони Нав мебошанд.
Порсол бо қарори Президент дар пойгоҳи Донишкадаи давлатии педагогии Навоӣ Донишгоҳи давлатии Навоӣ таъсис ёфта буд. Инак, донишҷӯён таҳсили худро дар донишгоҳ идома медиҳанд ва хатмкунандагони соли хониши 2024-2025 дорои дипломи донишгоҳ мегарданд.
Соли 2024 дар шаҳри Навоӣ бунёди шаҳраки Янги Навоӣ оғоз ёфта буд. Ҳоло бунёди биноҳои аз 7 то 32 ошёнаи боҳашамати истиқоматӣ, мактабҳо, кӯдакистон, бемористон, поликлиника, боғ ва биноҳои нави донишгоҳ идома доранд. Дар аввали соли равон сохтмони биноҳои нави донишгоҳ оғоз ёфт.
Аз ҳудуди маҳаллаи «Ёшлик» барои сохтмони биноҳои нави донишгоҳ 19 гектар замин ҷудо карда шудааст. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои 12 ҳазор нафар донишҷӯ биноҳои таълимии таъмин бо таҷҳизоту технологияи замонавӣ, хобгоҳ барои 2400 нафар, иншооти варзишӣ, амфитеатр, лабораторияҳои замонавӣ, осорхона, маркази тадқиқоти илмӣ, китобхона ва ҳавзҳои шиноварии кушод ва пӯшида сохта мешаванд.
Ҳамчунин, аз аввали соли равон дар ҳудуди маҳаллаи «Фаровон» аз ҷониби ҶММ «Gratis Buildings» Маркази бизнес ва меҳмонхонаи 27 ошёна, биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ оғоз ёфт.
Тибқи қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Навоӣ» барои бунёди Маркази корчаллонҳо ва боғи «Янги Ӯзбекистон» дар шаҳраки Янги Навоӣ 50 миллион доллар ва бунёди объектҳои коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ аз буҷети маҳаллӣ 100 миллиард сӯм ҷудо гардид, ки барои беҳбуди ҳаёти мардум нигаронида шудааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.