Мақомоти Амрико то моҳи ноябр 1 миллиону 445 ҳазору 549 шаҳрванди хориҷиро аз кишварҳои гуногун ба рӯйхати нафароне, ки мехоҳанд аз ин кишвар ихроҷ кунанд, шомил кардаанд.
Дар ин рӯйхати номи 975 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳам ҳаст. Ин рӯйхатро хабаргузории "Fox News" бо такя ба Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) ИМА нашр кардааст.
Ба иттилои ICE, шумораи бештари афроди дар рӯйхати ихроҷбуда шаҳрвандони Гвотамоло (253 ҳазору 413 нафар), Ҳандурос (261 ҳазору 651 нафар), Мексика (252 ҳазору 044 нафар) ва Салвадор (203 ҳазору 822 нафар) мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯйхат намояндагони Чин – 37 ҳазору 908 нафар ва Русия – 3 ҳазору 518 нафар ҳузур доранд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯйхат аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон 975 нафар, Қазоқистон 369 нафар, Қирғизистон 319 нафар, Тоҷикистон 149 нафар ва Туркманистон 40 нафар мебошанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин нафароне, ки ба рӯйхати ихроҷ аз Амрико ворид шудаанд, ҳоло дар ҳабс нестанд, аммо қарори ниҳоӣ дар бораи ихроҷи онҳо алакай содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп баъди бозгашти дубора Кохи Сафед аз мубориза бо "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ба ИМА ҳушдор дод ва гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар мубориза хоҳад бурд.