Дар ИМА чархболи ҳарбӣ ва ҳавопаймои мусофирбар бархӯрд карданд, ҳадди аққал 19 нафар ҳалок шуданд

Ҷасади 19 нафар аз дарёи Потомак дар Вашингтон, ки ҳавопаймои мусофирбари бо чархболи ҳарбӣ бархӯрда ба он афтода буд, берун оварда шуд.

Тавре ки Report хабар медиҳад, ин маълумотро портали иттилоотии BNO News эълон кардааст.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳадди аққал 19 ҷасад аз дарёи Потомак пас аз бархӯрди ҳавопаймои American Airlines ва чархболи ҳарбии Black Hawk дар наздикии Фурудгоҳи Роналд Рейгани Вашингтон ёфт шудааст», – навиштааст манбаъ.

Ба иттилои расонаҳо, чархболи низомии Black Hawk, ки аз пойгоҳе дар 40 км дуртар аз пойтахти ИМА парвоз мекард, парвози омӯзишӣ анҷом медод. Дар дохили он се низомӣ ҳузур дошта, миёни онҳо афсарони баландрутба набуданд.

Таъкид мегардад, ки роҳҳо ба маҳалли ҳодиса баста шудаанд.

Тибқи маълумоти CNN, бо истинод ба Федератсияи ҳавонавардии шаҳрвандии ИМА, фурудгоҳи Вашингтон ҳадди аққал то субҳи ҷумъа баста хоҳад монд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: