Дар Қирғизистон аввалин шаҳри экологӣ - Кемин-Сити бунёд хоҳад шуд

Дар Қирғизистон нақша доранд, ки аввалин шаҳри экологиро бо номи Кемин-Сити бунёд намоянд

Тавре ки Report хабар медиҳад, фармони дахлдорро Президенти кишвар Садир Жапаров имзо кардааст.

Маҳалли аҳолинишин бо масоҳати 353,3 га дар ҳудуди ноҳияи Кемини вилояти Чуй ҷойгир хоҳад шуд.

Консепсияи сохтмони Кемин-Сити то 1 июни соли ҷорӣ таҳия карда мешавад.

Интизор меравад, ки татбиқи ин лоиҳа шароитҳоро барои рушди иқтисодии ноҳия фароҳам оварда, сатҳи устувории иҷтимоиро баланд мебардорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: