Раҳбари ҳукумати нави Сурия Аҳмад аш-Шараъ дар давраи гузариш вазифаи президенти кишварро иҷро хоҳад кард.
Дар ин бора дар изҳороти Идораи амалиёти ҳарбӣ (мақомоти роҳбарикунандаи ҳукумати нав), ки матни он дар канали телеграмиаш нашр шудааст, зикр гардидааст.
"Эълон мекунем, ки Аҳмад аш-Шараъ вазифаи президенти кишварро дар давраи гузариш ба ӯҳда мегирад ва ҳамчун раҳбари Ҷумҳурии Сурияи Араб онро дар форумҳои байналмилалӣ намояндагӣ хоҳад кард", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар изҳорот инчунин дар бораи "пароканда шудани Шӯрои халқӣ (парламент), ки дар замони ҳукумати қаблӣ ташаккул ёфта буд, ва ҳамаи кумитаҳои ба он алоқаманд", инчунин "қатъ шудани амалисозии конститутсияи кишвар аз соли 2012 ва ҳамаи қонунҳое, ки дар ҳолатҳои фавқулода қабул шудаанд", хабар дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки Аҳмад аш-Шараъ ҳамчун президенти Сурия ташкили "Шӯрои муваққатии қонунгузориро, ки дар давраи гузариш то тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани конститутсияи нави доимӣ фаъолият хоҳад кард", ба зимма мегирад, хабар медиҳад tass.ru.