Китобхонии бачаҳо танҳо ба сохтани дуконҳову бо китоб пур кардани он вобаста набуда, пеш аз ҳама, барои ин мутахассисоне лозиманд, ки муҳаққиқи адабиёти бачагона бошанд, дараҷаи забондониву ҳолати равонии хурдсолонро хуб донанд.
Мо дар бораи китобхониву китобҳои бачагона бисёр ҳарф мезанем ва хуб медонем, ки мутолиаи китоб қисми ҷудонопазири таълиму тарбияи насли наврас аст. Инчунин, мақолаҳое оиди китобхонаҳои мактабу баъзе маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ба чоп мерасанд, ки китобҳои дарсӣ ё бадеӣ ва шароити мутолиа дар онҳо ба дараҷаи бояду шояд нест...
Ҳоло дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, эҷодкорони асарҳои бачагона дар навбати аввал синну соли хурдсолонро дар назар дошта, эҷод мекунанд, ки баъдтар бо тавсияи мутахассисон китобҳо мувофиқи синну солашон 0+, 3+, 6+ пешниҳод мегардад.
Пас китобхонии бачаҳо танҳо ба сохтани дуконҳову бо китоб пур кардани он вобаста набуда, пеш аз ҳама, барои ин мутахассисоне лозиманд, ки муҳаққиқи адабиёти бачагона бошанд, дараҷаи забондониву ҳолати равонии хурдсолонро хуб донанд.
Мутахассисон усулҳоеро пешниҳод менамоянд, ки бо истифода аз онҳо волидон метавонанд, шавқмандии фарзандашонро нисбати китобхонӣ баланд бардоранд. Масалан, агар 23 апрел – дар Рӯзи байналхалқии китоб онҳо ба мактабу боғчаи фарзандон китоб ва баҳри омода кардани китобчаи шахсиашон картону коғаз туҳфа кунанд, ин низ сабаби ба китоб меҳр пайдо кардани хурдтаракон шуда метавонад.
Сатҳи фаҳмиши бачагон гуногун аст, яъне дараҷаи фаҳмиши кӯдаки 3 сола аз 7 сола, 8 сола аз 12 сола фарқ мекунад. Мувофиқи платформаи Jurney to kidlit, барои бачаи то 3 сола китоберо бояд интихоб намуд, ки дар он бояд адади калимаҳо аз 100-то зиёд набошад, барои онҳо китоб метавонад танҳо аз сурат иборат бошад. Барои бачагони 3-8 сола истифодаи китобҳои суратдори иборат аз 250-1000 калима мувофиқи мақсад аст. Бачагони 5-9 сола тоза ба китобхонӣ шурӯъ мекунанд. Аз ин рӯ, барои онҳо ҳикояву афсонаҳои 1500-2000 калимадор, 10 сола ва аз он боло бошанд, аз 8,5 то 12 ҳазор калимадор ва зиёда аз онро бояд интихоб кард.
Мувофиқи маълумотҳои Wordsrated — гурӯҳи таҳқиқотие, ки маълумотҳоро оиди адабиёт ва табъу нашр меомӯзад, соли 2022 дар миқёси ҷаҳон 250,7 млн. нусха китоби бачагона фурӯхта шудааст, худи ҳамон сол ҳиссаи адабиёти кӯдакон дар ҳаҷми фурӯши китоб дар Амрико 32,8 фоизро ташкил додааст.
Албатта, дар мамлакатамон китобҳои бадеии бачагона, ба ҷуз забони давлатӣ, ба дигар забонҳо низ каму беш чоп мешаванд, аммо волидон барои фарзанди хурдсоли худ китобро мувофиқи синну соли ӯ бояд интихоб намоянд? Дар ин ҷараён аз кӣ бояд маслиҳат пурсид?
Мо барои ҷавоб ба ин саволҳо ба китобхонаи бачагонаи ҷумҳурӣ, ки дар яке аз биноҳои таърихии пойтахт — мавзеи Марказ – 1-и ноҳияи Мирзо Улуғбек воқеъ аст, муроҷиат кардем.
Тазаккур бояд дод, ки бинои китобхона таърихӣ буда, дар охири асри XIX аз тарафи бародарони соҳибкор Ведяевҳо сохта шудааст. Дертар дар як қисми он Шурои халқӣ ва думаи шаҳри Тошканд ҷой гирифта, қисми дигари он ба китобхонаи бачагона табдил меёбад. Солҳои 60-уми асри гузашта шуъбаи наврасони китобхонаи ба номи Алишер Навоии ҷумҳурӣ ба ин ҷо кӯчонда мешавад ва бинои Ведяевҳо номи китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриро мегирад.
Китобхона дорои беш аз 200 ҳазор дона китоб мутааллиқ ба адабиёти бачагонаи ӯзбек, рус, инглис, корейс, хитой, франсуз, немис, турк, ҷопон мебошад. Обуначиёни китобхона бачаҳои синнашон аз 3 то 16 сола буда, беш аз 8 ҳазор нафар мебошанд.
Ҳарчанд китобхона мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, шуъбаҳои он дар вилоятҳо вуҷуд надоштааст, аммо пешбинӣ шудааст, ки бинои наву ҷавобгӯйи талабҳои замон сохта мешавад. Дар ин ҷо барои бачагони нобино китоб алифбои Брайл, мавҷуд буда, толор, хонаҳои компутерӣ, студияи сабти овоз ва матбааи хурди он ҷавобгӯйи меъёрҳои байналхалқӣ аст, аммо тавре ки мо чашмдошт будем, дар рафҳои китобхона асарҳои бачагонаи тоҷикӣ набуданд...
Ба мо маълумот доданд, ки китобҳои нав аз тарафи мутахассисон ва китобдорони ботаҷриба бо назардошти хусусиятҳои синну соли бачагон ба гурӯҳҳо тақсим карда мешавад. Барои зиёд гардондани шавқи бачаҳо ба хониш ва тарғиби китобхонӣ маҳфилҳо, дарсҳои маҳорат, бозиҳои шавқовар, муаррифии китобҳои нав ва вохӯрии бачагон бо шоиру нависандагон баргузор мегардад.
Ба ҷойи хулоса бояд гуфт, ки эътибор додан ба сифати таълиму тарбияи бачагон аз омилҳои асосии рушду нумӯи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, эътибори алоҳида додан ба сифати таълим ва тарбияи бачагон мебошад. Ва мо аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, агар бачаҳоро танҳо бо телефону компутер банд нанамуда, бо сабру таҳаммул якҷоя бо онҳо машғули китобхонӣ ё бозиҳои интеллектуалӣ шавем сифати китобҳои дарсро баланд бардорем, баланд бардошта рӯзе меояду чунин саъю ҳаракати мо маҳсули худро медиҳад, кӯдаки таҳти назорати волидону муаллимони бомаърифат тарбияёфта фидокори халқу ватан, манфиатовари ҷамъияту давлат хоҳанд шуд.
Набия Нодирова, хабарнигори «Овози тоҷик».