Сохтмони Jeddah Tower-и 1000 метрии Ҷидда дар Арабистони Саудӣ аз нав оғоз ёфт

Сохтмони ин бино, ки баландтарин бинои ҷаҳон хоҳад шуд, соли 2013 оғоз шуда, аммо дар соли 2018 мутаваққиф шуд. То ин дам 63 ошёнаи манора сохта шудааст.

Ширкати Kingdom Holding, ки дар Jeddah Tower дар Арабистони Саудӣ кор мекунад, эълон кард, ки сохтмони баландтарин бинои ҷаҳон дар соли 2028 ба анҷом мерасад.

"Сохтмони Jeddah Tower, ки рамзи шӯҳратпарастӣ ва пешрафти ҷаҳонӣ аст, расман аз сар гирифта шуд" гуфта мешавад дар изҳороти ширкати Kingdom Holding. Сохтмони ин бинои осмонбӯс бори нахуст соли 2011 эълон шуда буд ва корҳои сохтмонӣ дар соли 2013 оғоз ёфт.

Ҳарчанд баландии ниҳоии бино ҳанӯз эълон нашудааст, аммо тибқи нақша он на камтар аз 1001 метр хоҳад буд. Ин маънои онро дорад, ки ин иншоот на камтар аз 173 метр баландтар аз Бурҷ Халифа дар Дубай, ки ҳоло 828 метр буда, баландтарин бино дар ҷаҳон аст, хоҳад буд. Сохтмон дар ибтидо бояд соли 2020 ба анҷом мерасид, аммо тамоми корҳо дар соли 2018 боздошта шуданд. Дар ин муддат хамагӣ 63 ошёнаи бино баланд шуд. Сохтмони ошёнаи 64-ум ҳафтаи гузашта дар як маросим оғоз шуд. Ширкати масъули сохтмон эълом дошт, ки сохтмон дар соли 2028 ба анҷом мерасад ва як ошёна дар ҳар чаҳор рӯз анҷом мешавад.

Манораи Ҷидда ба маркази минтақаи наве, ки дар шимоли Ҷидда сохта мешавад, табдил меёбад. Дар бино меҳмонхонаи Four Seasons, хонаҳои истиқоматӣ, офисҳо ва саҳни баландтарин дар ҷаҳон, воқеъ дар ошёнаи 157 ҷойгир хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: