Дар ҷашни Соли нави Чин роботҳо рақсидаанд

Дар фестивал 16 роботҳои ҳуманоид бо одамон якҷоя рақсеро бо маҳорати баланд иҷро намуда, тамошобинонро ба ҳайрат оварданд.

Дар гала-консерти бахшида ба Соли нави Чин тамошобинон шоҳиди ҳодисаи ҳайратангез шуданд: 16 роботҳои ҳуманоидии ширкати Unitree бо одамон якҷоя рақсеро иҷро карданд.

Роботҳое, ки нимчаҳои гулдор ба тан доштанд, мисли раққосони ҳақиқӣ рафтор мекарданд. Онҳо миёнашонро тоб дода, пойҳояшонро ҳаракат дода, рӯймолчаҳои хоси рақсро бо маҳорати баланд ҷунбондаанд.

Гуфта мешавад, ки маҳз технологияҳои нави ширкати Unitree имкон доданд, ки чунин намоиш баргузор шавад. Роботҳои H1, H1-2 ва G-1, ки дар намоиш ширкат доштанд, барои иҷрои дақиқи ҳаракатҳо дар саҳнаи мураккаб аз навигацияи лазерӣ истифода бурданд.

Роҳбари шуъбаи маркетинги Unitree, Ван Сисин, гуфт, ки тамоми ҳаракатҳои роботҳоро зеҳни сунъӣ идора мекард.

"Онҳо мавқеашонро дар саҳна мустақилона тағйир медиҳанд ва ҳаракатҳои рақсиро компютер назорат мекунад", — шарҳ дод ӯ.

Роботҳо бо сенсорҳои махсус муҷаҳҳаз шудаанд, ки ба онҳо имкон медиҳанд атрофро "бинанд" ва ба шароит мутобиқ шаванд. Инчунин, онҳо қобилияти "шунидани" мусиқиро доранд ва метавонанд мутобиқи оҳанг ҳаракат кунанд.

Чунин баромад дар гала-консерт на танҳо намоиши технологияҳо, балки эҳтиром ба анъанаҳои Чин низ буд. Рақси Янге, ки одатан одамон иҷро мекунанд, ин дафъа ба зиммаи мошинҳо вогузор шуд.

"Ин намоиш на танҳо дастовардҳои технологиро, балки зебоии анъанаҳои чиниро низ инъикос мекунад", — омадааст дар изҳороти Unitree. "Он имкониятҳои робототехникаро дар намоишҳои фарҳангии муосир нишон медиҳад".

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Шанхай пойгоҳи омодасозии роботҳои ҳуманоидӣ боз шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: