Дар пурсишнома, ки аз 25 январ (соати 11:00) то 31 январ (соати 10:00) идома ёфт, 12818 нафар шаҳрвандон овоз доданд.
Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё дар байни ҳафт мактаб, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, пурсишнома гузаронида шуд.
Дар пурсишнома, ки аз 25 январ (соати 11:00) то 31 январ (соати 10:00) идома ёфт, 12818 нафар шаҳрвандон овоз доданд.
Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ мактаби таълими умумии рақами 58-уми деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз (директор Рустам Авазов) бо ҷамъ овардани 5968 овоз ҷойи якумро ба даст овард.
Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 57-уми деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз (директор Абдуваҳоб Бердиев), ки 5056 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.
Дар пурсишнома ҷамоаи мактабҳои 1 (554 овоз), 59 (501 овоз), 62 (345 овоз), 64 (262 овоз) ва 61 (132) овоз ҷамъ карданд.
Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.
Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Шаҳрисабз – мактаби рақами 58, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.
Бино ба хулосаи ҳайати рӯзнома нахуст дар бораи мактаби рақами 58-уми деҳаи Ғелон ва баъдан бо назардошти талошу ҳаракат ва ташаббускориҳои сокинони деҳаи Сарчашма дар бораи мактаби ҳамагонии рақами 57 мақола омода карда мешавад.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".
P/S: Овозҳое, ки муштариён баъд аз соати 10:00 доданд, қабул карда намешаванд.