25-26 январи соли равон дар Академияи гӯштини ба номи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ К.Вирупаеви шаҳри Иркутски Федератсияи Русия оид ба гӯштини грэпплинг ва грэпплинг-ги мусобиқа баргузор гардид.
Дар мусобиқа , ки таҳти ташаббуси Федератсияи грэплинги вилояти Иркутск гузаронида шуд, 250 нафар варзишгар аз Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи 12 тоифаи вазн иштирок карданд.
Мусобиқа дар сатҳи олӣ ташкил шуда, дар анҷом ғолибон муайян ва бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардиданд.
Боиси эътироф аст, ки дар ин мусобиқа варзишгари ӯзбекистонӣ, сокини деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё Фаршед Норов дар тоифаи вазни то 84 килограмм аз рӯйи намудҳои гуногуни грэпплинг медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст овард.