Доруи нави зидди саратон метавонад ба вируси ВИЧ пурра шифо бахшад

EBC-46 ба таври табиӣ дар меваи дарахти Fontainea picrosperma, ки дар Австралия мерӯяд, мавҷуд аст.

Олимони Донишгоҳи Стэнфорд кашф карданд, ки моддаи EBC-46, ки қаблан бо хусусиятҳои зидди саратонаш машҳур буд, иқтидори бузург дар мубориза бо ВИЧ дорад.

EBC-46 ҳуҷайраҳои хуфтаеро, ки вируси ВИЧ дар онҳо пинҳон аст, фаъол месозад ва вирусро ба иммунитерапия осебпазир мегардонад. Дар таҳқиқот EBC-46 то 90% ҳуҷайраҳои хуфтаро фаъол кардааст, ки чор маротиба самараноктар аз қавитарин моддаи пешина — бриостатин мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: