МОМОИ ДАРБАНДӢ Ё ДУХТАРИ МАКТАБ

Пиразан кайҳо айёми ҷавониро ба дасти бод додааст, ҳоло аз қазо гоҳ дар домани шодиҳо ва гоҳе дар панҷаи сахти ғуссаҳо ҳар рӯзи худро ба шом мепайвандад ва шоми сияҳро бо зӯри иродат, шояд бо шарофати ибодат, миёни хобу бедорӣ ба субҳ мерасонад.

Вақте ҷавон буду чусту чолок аз сари субҳи содиқ сад кори рӯзгорро иҷро мекард, боз ташвиши як доман фарзанд, даста-даста меҳмонон. Шавҳараш аҷаб дасторхондор буд, кори мактабу колхозро дар зимма дошт. Он солҳоро ба ёд овардаву ба имрӯза ҳоли худ дар қиёс гирифта, дилаш побанди андӯҳ мегардад.

Холаи Анор ном дорад ӯ!

Аммо аҳли деҳаи Бибиширини Бойсун – ин зани куҳансолро аз сари муҳаббат ва эҳтироми хоса Момои Дарбандӣ мехонанд. Зеро вай – духтари ҳаждаҳсолаи хушгил 67 сол пеш бо тақозои ҳаёт ба ҷавони деҳаи Бибиширин – Салим Дӯстқули паҳлавон меҳр монда, ба ин хокдон омада буд. Аз он вақт аввал арӯси Дарбандӣ, баъдан холаи Дарбандӣ ва ҳоло Момои Дарбандӣ меноманд ӯро.

Момо ҳаштоду панҷ баҳори гулафшонро паси сар кардааст.

– На зиндаи софу на мурдаи комилам. Ғаму кулфат маро нимкушта кард, – аз алам лаб мегазад ӯ ва ғамгинона ба болину бистараш хира нигоҳ медӯзад.

Ман ҳис мекунам, ки вай аз боби ду фарзанди баркамолаш – Саттор ва Садриддин, ки дар авҷи шукуфтанҳо ногоҳ сар ба хоки тар гузоштанд, меандешад. Аз ёди он ҷигарҳои бохта фишурда мегардад.

– Илоҳо, модареро ба доғи фарзанд наозмоӣ. Марги фарзанд – теғи алмос! – мегӯяд ӯ. – Барои модар таҳаммули ин ҷудоӣ душвор будааст. 

– Ман ба иродаи фарзанди одам, ба сабру таҳаммули ӯ қоилам. Агар ин қадар бори ғамро фил мебардошт, бешак миёнаш мешикаст, аммо инсон не, – мегӯяд ангуштони хароби худро молида.

Аммо мани сомеи ин ҳарфу ҳиҷоҳо, ки аз лабони ӯ якнавохт берун меоянд, дуруст намефаҳмам ва пиразан қадре хиҷолат кашида, ба наберааш Суҳроб рӯй меорад, ё ба келинаш Муҳаббат менигарад. Онҳо аз лабони ҷунбон ва овози хастаи холаи Анор мазмун бардошта, суханҳои дили модари кулфатгазидаро ба ман бозгӯӣ мекунанд. Холаи Анори маъруф ба Момои Дарбандӣ, машҳур ба духтари Мактаб (дар зодгоҳаш)... пас аз бохтани фарзандон – Саттори чилу дусола, кенҷаписари бисту нӯҳсолаи худ Садриддин аз гуфтору рафтор монд. Марги фарзандон ба модар гаронӣ кард ва аз шиддати ғам ба сактаи мағз дучор гашт ва аз пойи равон ва забони гӯё маҳрум шуд.

Момои Дарбандӣ аз нӯги ресмонча, ки як тарафашро дар дастаи оҳании симкат бастаанд, қапида дар рӯйи ҷойгаҳ нимхез мешавад ва ин тавр, бе кумаки касе ҳаракат мекунад. Ин амалро рӯзе чандин маротиба такрор месозад, то ба дасти ёригаре зор нагардад.

– Бибиам аз субҳ то шом машқ мекунанд, варзиши баданашон ҳаргиз канда нест, – мегӯяд Суҳроб.

– Китоб мехонед? – мепурсам аз Момои Дарбандӣ. Ӯ боз бо кумаки ресмонча – дастёри беминнаташ қомат рост мегирад ва ба рӯйи китобҳо дасти навозиш бурда, якеро варақгардон мекунад. Баъд бо меҳр дар оғӯш ҷой медиҳад. Аз дидани ин манзара вуҷудам бо эҳсоси аҷибе пур мешавад.

– Ҳамин китобҳо ба ман нерӯ ва таскин мебахшанд. Вагарна бо ин андӯҳ, намурдаву зистан хеле мушкил. Китобҳо ҳамсуҳбатони беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ»-и мананд. Ҳатто иштиёқи тамошои телевизор надорам. Аммо рӯзнома мехонам, китоб мутолиа мекунам ва баробари қаҳрамонҳои он нафас мекашам.

Ба вай ин шуғл аз модари китобхонаш – Мактабхолаи ҳамадон мерос аст. 

Холаи Анор аз баракоти издивоҷ бо Салим Дӯстқул 13 фарзанд – 8 духтару панҷ писар дид. Ҳоло дар хонаи писари калониаш Самад зиндагӣ мекунад ва аҳли хонадон ҳамеша дар хидмати ӯ омода ҳастанд. Хоса, арӯси нави оила Моҳинур дар сабук сохтани мушкили ин зани куҳансол пайваста ҷаҳд мекунад.

– Аз меҳру муҳаббати пайвандон бархурдорам. Барои ин аз Парвардигор ҳазорон сипосгузорам. Илоҳо, баракат ёбанд, каму ғамро набинанд, – дуо мекунад ӯ.

... Боз китобро ба даст мегирад Момои Дарбандӣ ва бидуни айнак бароҳат машғули мутолиа мегардад. Охир, вайро духтари Мактаб мегӯянд ва мактаби ҳаёти ӯро наметавон бе китоб тасаввур кард. 

Шариф Халил, хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: