Бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Тошканд дар муассисаи давлатии томактабии рақами 14-уми шаҳри Ангрен дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» таҳти унвони «Кӯдакон ояндаи миллату Ватан» чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор шуд.
Фасли сармои зимистон бошад ҳам, баробари ворид шудан ба боғча дарахту арчаҳои сабз, гулбуттаву гулҳои рангоранг ва тозаю озодагии атрофи боғчаро дида табъамон болида гардид. Албатта, пеш аз ҳама ҳавои беғубор, маскани сабзу хуррам ва обҳои зулолу шифобахш ба ҳифзи саломатии кӯдакон мусоидат мекунад.
– Имрӯз муассисаи мо наздик ба 500 нафар кӯдаконро фаро гирифтааст ва ба онҳо 35 нафар педагогҳои дорои маълумоти олӣ таълиму тарбия медиҳанд, – мегӯяд роҳбари муассиса Шуҳрат Бобоҷонов.
– Дар боғчаи мо таълиму тарбия бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бурда мешавад, ки ин беихтиёр байни кӯдакон, тарбиячиён ва дигар ходимони он фазои дӯстӣ, ҳамфикрӣ ва муносибати хубро таъмин менамояд. Барои кӯдакон ҳамаи шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст.
Дарҳақиқат, ҳар як хона бо руҳияти миллӣ, тарғиби урфу одат ва арзишҳои мардумӣ оро дода шуда буд. Хонаҳо бо телевизор, компутер, мизу курсӣ ва дигар ҷиҳозҳо таъмин буданд. Дар ҳар як гурӯҳ гӯшаи табиат ва ҷевони китобҳо мавҷуд. Гӯшаи алоҳида, ки бо ҳунари дастии кӯдакон ҷиҳозонида шуда буд, инчунин, гулҳои рангоранги гулдонҳо, ниҳолҳои лимӯ, ки акнун гул карда буд, диққати ҳозиронро ба худ ҷалб намуд.
Маркази тоҷикони вилоят ва ҷамоаи боғча аҳд намуданд, ки дастҷамъона дар атрофи муассиса дарахтони манзаравӣ ва меванок шинонда, боғчаро ба макони сабз табдил диҳанд.
– Ба қарибӣ дар озмуни «Арифметикаи менталӣ», ки байни муассисаҳои томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон баргузор гардид, тарбиягирандаи боғчаи мо Диёрбек Эгамҷонов иштирок намуда, ба ҷойи 3-юм сазовор гардид, ки лоиқи таҳсин мебошад, – гуфт Ш. Бобоҷонов.
Дар поёни чорабинӣ ба китобхонаи боғча маҷмӯи китобҳои бачагона супурда шуд.
Саврон Мирзоев,
раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Тошканд.