Ассалому алайкум, аҳли ҷамоаи рӯзнома, хонандагон ва мухлисони «Овози тоҷик».
Ман ҳамчун муштарии куҳансолу деринаи «Овози тоҷик», аввало ҳамаи шумо ҳаммиллатону ҳамзабононро ба обунаи соли 2025-уми рӯзномаи «Овози тоҷик» даъват менамоям. Ташаббус кунед, то шумораи рӯзномаро барои тарғиботи забону шаъни миллат зиёд намоем.
Вале, ба фикри ман, барои дастгирӣ намудани рӯзнома дар назди рӯзномахонон муаммоҳо низ ҳастанд. Инҳо забони рӯзнома – калима ва ҷумлаҳои мураккабе мебошанд, ки аксаран аз забонҳои дигар, аз ҷумла арабӣ, русӣ ва шевагӣ гирифта шудаанд.
Ман бисёр сол боз ба «Овози тоҷик» обуна шуда, тамоми саҳифа ва шумораҳои онро мунтазам мутолиа мекунам. Синнам ба ҷое расида бошад ҳам, аз мутоилаи он даст накашидаам. Вале афсӯс, ки ҳоло нисбат ба пешина калимаҳои душворфаҳм бисёр шудаанд. Айни чунин эродҳоро метавон нисбати китобҳои дарсӣ ҳам ба забон бурд. Дар ҳар як саҳифаи ин китобҳо бисёр калимаҳои нофаҳмо ҳастанд. Муаллим ҳангоми гузаштани дарс ба душворӣ рӯ ба рӯ меояд. Вай имкон надорад, ки калима ва ҷумлаҳои мушкилфаҳмро аз устодони дигар пурсад ё барои маънои луғавии онҳоро донистан луғатҳоро варақ занад, зеро дар синф қарор дораду хонандаҳо интизоранд. Оё калимаҳои содаю фаҳмо дар забони адабии мо ноёб ё каманд? Миллати мо таърихи дуру дароз, аз ҷумла забони ғановатманд дорад. Мо ворисони ин таъриху ин забон мебошем.
Хулоса, мо – мухлисон ва хонандагони доимии рӯзнома аз ҷамоаи «Овози тоҷик» ва аз муаллифону тарҷумону муҳаррирон китобҳои дарсӣ хоҳиш дорем, ки ба қадри имкон ин фикру мулоҳизаҳоро ба инобат бигиранд, ҳамзабононро бо роҳи забони содаю равони адабии тоҷикӣ ба рӯзномаву китобҳои дарсӣ дилгарм кунанд. То ки забони рӯзномаи мо низ, забони хосагон не, балки забони ҷамъият бошад.
Бовар дорем, дар ин бобат мо ҳамдигарро фаҳмида, бо саъю кӯшиши муштараки мутахассисон, масъулон, муҳаррирон шаъну шарафи миллат, забонамонро ҳифз мекунем.
Ибодулло Мирзоев, собиқ муаллими мактаби рақами 8-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.