АСПИДУХТАР ҲУСНУ ТАРОВАТИ ДИГАР ДОРАД

Имрӯзҳо деҳаи кӯҳии Аспидухтари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё ҳусну таровати дигар дорад.

Албатта, фасли зимистон бо барф зебост. Имрӯзҳо деҳаи кӯҳии Аспидухтари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё ҳусну таровати дигар дорад. Боми хонаҳо аз сабаби ғафсии барф, ки то ба зону мерасанд, намуди афсонавӣ пайдо кардаанд. Нури офтоби заррин, ки аз паси кӯҳсорон сар мебардорад, дар адирҳои васеъ бо рангҳои гуногун тобиш ёфта, паҳн мегардад.

Манзараи Аспидухтар мисли сурати бо мӯқалами сеҳрнок офарида қалби ҳар як бинандаро ором мебахшад...
Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: