СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТО СОЛИ 2030 ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ПАҲН ГАРДИД

Стратегияи рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) то соли 2030 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 79-уми Ассамблеяи Генералии СММ нашр шуд.

Ҳуҷҷат ба шаш забони расмии СММ – англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуда, дар байни давлатҳои узви созмон, воҳидҳои сохтории он васеъ паҳн гардид. Инчунин дар Системаи ҳуҷҷатгузории расмӣ тибқи банди 15-и рӯзнома – «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба хотири рушди устувор» ҷой дода шудааст.

Зикр бояд кард, ки Стратегия мақсад, вазифа ва самтҳои рушди яке аз умдатарин технологияҳои ҳамаҷонибаи асри XXI – зеҳни сунъиро дар Ӯзбекистон муайян мекунад. Ҳадафи асосии он шомил шудани Ӯзбекистон то соли 2030 ба қатори 50 кишвари пешсафи ҷаҳон аз рӯйи сатҳи рушди зеҳни сунъӣ мебошад.

Тибқи ҳуҷҷати СММ, барои татбиқи зеҳни сунъӣ соҳаҳои зерин бахшҳои афзалиятнок муайян шудаанд: кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, бахши бонкӣ, нигаҳдории тандурустӣ, маориф ва идораи давлатӣ.

Рушди иқтидори кад-рӣ ва илмӣ дар соҳаи ЗС ҳамчун шарти калидии ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегия баррасӣ мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки низоми бисёрсатҳаи омодасозии мутахассисон – аз ҷорӣ кардани курсҳои зеҳни сунъӣ дар барномаи мактабӣ то таъсиси факултетҳо ва ихтисосҳои нав дар донишгоҳҳо ташкил карда шавад. Барномаҳои омӯзиши ҷавонони боистеъдод дар донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тавассути платформаҳои онлайнӣ густариш хоҳанд ёфт.

Махсус таъкид гардид, ки бо мақсади татбиқи Стратегия Ӯзбекистон ният дорад ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳад, бахусус бо кишварҳои пешсаф дар соҳаи ЗС фаъолона ҳамкорӣ кунад, дар мубодилаи глобалии технологияҳо ширкат намояд, таҷрибаи хориҷӣ ва сармоягузориро ба лоиҳаҳои худ ҷалб кунад. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонии IT ва марказҳои таҳқиқотӣ тавсеа хоҳад ёфт.

Инчунин таъкид гардид, ки қабули Стратегия ба кишвар самтҳо ва афзалиятҳои возеҳи трансформатсияи технологиро барои даҳсолаи наздик муайян хоҳад кард ва татбиқи муваффақонаи он ба Ӯзбекистон дар намуди рушди сармояи инсонӣ, инфрасохтор, инноватсияҳо, ҳамгироии байналмилалӣ фоидаи бузурге меорад ва заминаи боэътимодро ба кишвар дар бунёди иқтисодиёт ва ҷомеаи оянда, ки ба дониш ва зеҳн асос ёфтааст, фароҳам меорад.

АИ «Дунё»,

Ню-Йорк

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: