«НАМОИШГОҲИ ЛОИҲАҲО» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар ноҳияи Норини вилояти Намангон «Намоишгоҳи лоиҳаҳо» баргузор гардид.

Дар ноҳияи Норини вилояти Намангон аз ҷониби бонки халқӣ, «Агробонк» ва шуъбаи ихтисор намудани камбизоатӣ ва кумак ба шуғли аҳолии ноҳия «Намоишгоҳи лоиҳаҳо» баргузор гардид. Чорабинӣ ба мақсади офаридани ҷойи нави кор ва таъмини фаровонҳолии мардум ташкил гардида, дар доираи он лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла пурзӯр гардондани ҳамкории байни бонкҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба муҳокима гузошта шуд.

Яке аз чунин лоиҳаҳо, ки ба мақсади зиёд гардондани даромади аҳолӣ ва таъмини шуғли доимии онҳо роҳандозӣ шудааст, ба роҳ мондани парвариши моҳиҳои фарел мебошад. Дар хонадонҳои маҳаллаи Хоҷақӯрғонча ва Чангитмаи ноҳия ҳавзаҳое барпо мешаванд, ки дар натиҷаи он ҳар як хонавода то 2-2,5 тонна моҳӣ омода менамояд.

Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: