Ба қарибӣ ҷамъомади ҳисоботӣ-интихоботии Маркази милливу мадании тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно» баргузор гардид.
Ҳисоботи раиси марказ Маъруф Отахонов оиди фаъолият дар солҳои 2020-2025 шунида шуд. Ӯ таъкид кард, ки маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо пандемияву сабабҳои дигар сари вақт гузаронида нашуд, ки дар оянда оиди чунин масъалаҳо боэътибор бошем.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов раиси марказ интихоб гардид.
Дар қисми дуюми ҷамъомад ҳозирон Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Отахоновро ба муносибати 80-солагиаш муборакбод намуданд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».