Дар наздикии обанбори «Ҳисорак»-и ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё маросими кушодашавии нерӯгоҳи барқи обии хурди Ҳисорак баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар мамлакатамон ба масъалаи зиёд кардани манбаъҳои барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва азнав барқароршаванда эътибори алоҳида нигаронида шуда, аз ҷониби ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар соҳа корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Ҷамъият дар мавзеъҳо бо намуди нав нерӯгоҳҳои хурд ва микронерӯгоҳҳо бунёд намуда, ба истифода месупорад.
Арзиши лоиҳавии нерӯгоҳи Ҳисорак 1,5 миллион доллар буда, дар натиҷаи ба амал татбиқ намудани лоиҳа 6-то ҷойи нави корӣ офарида шуд. Дар натиҷа соле 5 млн. метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, 7 300 хонадон бо энергияи электрӣ таъмин мешаванд.
Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).