Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор» 6280 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар деҳаҳои Матмон, Ҷавз, Аспидухтар, Шут ва Деҳнавиболо тақсим шудаанд. Ин деҳаҳо аз ҳамдигар дар фосилаи то 25 км. ҷой гирифтаанд ва идораашон ҳам машаққати фаровоне талаб мекунад.
Ёд дорам, ҳамон замонаҳои тақдирсоз, солҳои нахустини истиқлолияти Ватан ҳамеша садо мезаданд: «Маҳалла – падарат, маҳалла – модарат!» Маҳаллаҳоро ба падару модар ташбеҳ додани сиёсатдонҳои замон беҳуда набуд. Ин шиор мардумро водор месохт, ки чӣ будани маҳалларо ҳис кунанд ва онро такягоҳи худ донанд. Ин тавр сохтори маҳалла такомул ёфта, дар замони раҳбари навин – Президент Шавкат Мирзиёев боз ҳам ташаккул ёфт ва ба як сохтори комили муассир ва дар ҳалли аксари мушкилоти рӯзгори мардум ҳамеша омода табдил гашт. Кунун ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мақоми хосе доранд ва дар баррасию ҳалли аксари муаммои хоси маҳал мусоидат мекунанд.
Аммо ҳоло кори маҳаллаҳо дар ҷойҳои дур аз чашми мақомдорон (масалан, дар кӯҳистон) чӣ хел аст? Барои посух ёфтан бо кори яке аз маҳаллаҳои тоҷикнишини дурдасти ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё шинос гардида, ба чунин хулоса омадем, ки агар мардуми маҳалла муттафиқ ва сиёсати ободкориҳои ҳукуматро бештар ҳис кунанд, дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ муваффақ мегаштаанд. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳия аз марказ тақрибан 70 км. дур аст. Зиндагӣ дар чунин маҳаллаҳо осон нест, балки сад муаммо дорад. Ниҳоят дарёфтем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳаёти дурдасттарин маҳаллаҳо низ бефарқ набуда, талош меварзад, ки мардум аз панҷаи фақру камбизоатӣ ҳарчӣ зудтар бираҳанд. Беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат аст ва маълум гардид, ки дар мавзеъҳои дур аз марказҳои маъмурӣ низ сиёсати давлат ҳамсадоӣ пайдо карда, аҳолии он ҷойҳоро ба бунёдкорӣ, офаридани ҷойҳои нави кор, рушди соҳибкорӣ роҳбалад ва рӯҳбаланд мегардонад. Маҳаллаи «Кӯҳсор»-ро марди закиву фозил ва ботаҷриба Салим Норимов раҳбарӣ карда, чандин сол аст, ки мунтазам дар обод сохтани ин ҳудуд заҳмат мекашад.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор» 6280 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар деҳаҳои Матмон, Ҷавз, Аспидухтар, Шут ва Деҳнавиболо тақсим шудаанд. Ин деҳаҳо аз ҳамдигар дар фосилаи то 25 км. ҷой гирифтаанд ва идораашон ҳам машаққати фаровоне талаб мекунад. Аз як деҳа ба деҳаи дигаре рафтан ва дар ҳалли мушкилоти рӯзгори одамон мусоидат намудан бас ҷонфидоӣ мехоҳад. Аммо ҳафтгонаи маҳаллаи «Кӯҳсор» новобаста ба чунин мушкилот дар татбиқи сиёсати ҳукумат мекӯшанд ва вазифаҳое, ки дар зимма доранд, ба таври бояду шояд иҷро мекунанд, – гуфт С. Норимов.
Раиси маҳалла мутмаин аст, ки назар ба пештара зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда ва оҳиста-оҳиста дарк мекунанд, ки калиди хушбахтӣ ва зиндагии фаровон дар мушти ҳар кадоме аз онҳо маҳфуз аст. Ин аст, ки аз имконоти фароҳамсохтаи ҳукумат васеъ истифода мекунанд ва бо кумаку роҳнамоии мутахассисони маҳалла дар ривоҷ додани соҳибкорӣ саҳм мегузоранд. Ба ин тартиб, як қисми оилаҳои камбизоат шароити зисти худро беҳбуд мебахшанд ва аз побандии кумакпулиҳои давлат раҳо меёбанд. С. Норимов таъкид кард, ки тибқи як дастур ҳафтгонаи маҳалла хона ба хона гаштаву шароити мардумро омӯхтанд ва якҷо бо дигар муаммоҳо феҳристи он нафаронеро мураттаб сохтанд, ки аз барои кор ба хориҷи кишвар рафта буданд. Маълум гардид, ки аз ҳудуди маҳалла 43 нафар ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаанд. Дар натиҷаи тарғибу ташвиқоти пайваста 23 нафари онҳо ба ҷои зисти худ баргаштаанд ва тибқи маслиҳату машварати кормандони маҳалла роҳи зиндагии худро дар хокдони бобоӣ ёфтанд. Онҳо, ки қаблан дар ҷустуҷӯи кор буданд, бо пеш гирифтани шуғли соҳибкорӣ худ ба корфармо мубаддал гаштанд ва боз чандин нафарро бо ҷои кор таъмин сохтанд.
– Мо як нафар ҳамдеҳаи худро бо кумаки маҳалла тариқи шартнома ба хориҷи кишвар ба кор фиристодем, ки маоши баланд дошт. Умедворем, ки ӯ низ баргаштаву дар ободии зодгоҳи худ саҳм мегузорад, коргоҳе ташкил сохта, чандин нафарро бо шуғл таъмин месозад, – гуфт раиси маҳалла.
Соли 2024 муваффақ гаштанд, ки 13 километр роҳи мушкилгузари байни маркази ноҳияи Китоб ва ин маҳалларо мумфарш кунанд. Ҳамчунин 1,5 км. роҳи деҳаи Деҳнавиболо, ки аз қадим ба равуои мардум халал мерасонд ва хоса тай задани он дар фасли зимистону баҳорон азоби алиме буд, тахту ҳамвор карда шуд ва сангфарш гардид. Дар деҳаи Матмон ду мактаби замонавӣ сохта мешаванд, ки далели ғамхориҳои ҳукумат аст. Дар идомаи соли 2024 370 адад симчӯб барои интиқоли барқ ба хонаҳои мардум насб гардиданд ва ҳамчунин 3 трансформатори нави замонавӣ гузошта шуд, ки дар беҳбуд ёфтани шароити зисти мардум мусоидат хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳалла қариб оилаи камбизоат вуҷуд надорад. Дар рӯйихат 5 оила чун эҳтиёҷманд қайд шудааст.
– Агар бо нишондоди мо амал карда, аз кумакҳои ҳукумат самарабахш истифода баранд, то охири сол ҳамин оилаҳо низ дари фақрро ба рӯи худ хоҳанд баст, – мегӯяд Салим Норимов ва таъкид мекунад. – Ҳар амале, ки ҳукумат дар роҳи бартараф сохтани камбизоатӣ иҷро мекунад, барои одами ҳушёр ва солимфикр таконе хоҳад шуд ва боқӣ ба худи кас вобаста аст, ки дар роҳи расидан ба зиндагии беҳтар дасту панҷа нарм созад, бештар меҳнат кашад ва танбалиро канор гузорад. Дар акси ҳол ҳамон «Аҳмади порина» боқӣ хоҳад монд.
Ин аст, ки дар маҳаллаи «Кӯҳсор» тибқи лоиҳаҳои алоҳида 89 нафар бонувони хонашин ва 25 нафар духтарони ҷавон бо шуғли алоҳидае банд шуданд ва барояшон имкон фароҳам гашт, то ояндаи худро бо дастони худ бисозанд.
Бояд гуфт, бо ташаббуси фаъоли Нилуфар Норимова ва ёвари ҳокими ноҳия Қаландар Зикиров, ки шомили ҳафтгонаи маҳалла ҳастанд, ба 28 нафар зан кредити имтиёзнок ва субсид дода шудааст. Ташаббуси 9 нафар духтари маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, ниёзи 11 нафар донишҷӯён, ки дар супоридани шартномаи солонаи хониш дармонда буданд, қонеъ карда шуданд. Дар маҳалла 89 нафар ногиро дар қайд буда, 8 оилае мавҷуд, ки шахси ноновар ва сарпарасти худро бохтаанд ва пайваста аз ҳисоби маҳалла кумак мегиранд.
Салим Норимов гуфт, ки дар бобати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои гаҳу ногаҳ низ дар маҳалла корҳои шоён дар амал татбиқ мегарданд. Кунун дар деҳаҳо дурбинҳои назоратӣ (видеокамераҳо) насб шудаанд ва ба туфайли чунин дурбинҳои назоратӣ соли гузашта сатҳи ҷиноят дар мавзеъ ба ду адад поён омад.
– Барои обод сохтани маҳалла ва дар зимн беҳбуд бахшидани зиндагӣ узви он маҳал будан кам аст. Шаҳрванд бояд ба нидои дил дар канори ҳукуматдорони худ биистад ва аз сидқи тамом дар рушди Ватани аҷдодӣ саҳм гузорад, – аз бефарқии як идда ҳамватанон норизо мешавад Салим Норимов.
Аз суҳбат бо раиси маҳалла дарёфтам, ки омили ҳама пешрафтҳо иттиҳод ва калиди дари ҳама ободиҳо меҳнати муттасил ва ҳалол будааст.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Қашқадарё.