КОРРУПСИЯ – ДУШМАНИ ТАРАҚҚИЁТ

Дар шаҳри Нурато бо иштироки сармутахассиси шуъбаи муборизаи зидди коррупсияи Садорати вилоятии Агентии кадастр Н. Ҳамроев, мутахассисони соҳа Н. Аҳадов ва Ф. Қобилов бо кормандони шуъбаи ноҳиявии Агентии кадастр мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ усул ва тарзи шаффофи татбиқи Қонун «Дар бораи эътироф кардани ҳуқуқи худсарона аз худ намудани қитъаҳои замин ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд» мавриди муҳокима қарор ёфт. Қайд гардид, ки ҳангоми ба рӯйихатгирии қитъаҳои замини худсарона азхудгардида ва бинову иншоотҳои дар онҳо сохта шуда, ба коррупсия, ришвахӯрӣ, тамаъгарӣ, фиребгарӣ роҳ дода нашавад.

Дар ҷараёни суҳбат ба кормандони шуъбаи ноҳиявии Агентии кадастр доир ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ маълумот ва донишҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Сабаб ва омилҳои рух додани ҳолатҳои ногувор ҳангоми ба рӯйхатгирӣ шарҳ дода шуданд.

Бо мақсади ташаккули маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон видеомуроҷиати корманди шуъбаи муборизаи зидди коррупсияи Садорати вилоятии Агентии кадастр Фаррух Қобилов ба ҳамаи маҳалла ва шаҳрҳои вилояти Навоӣ расонида шуд. Дар видеомуроҷиат омадааст, ки зимни ба рӯйхатгирии қитъаи замин ва бинову иншооти дар он сохташуда ба миёнравҳо эҳтиёҷ нест. Миёнрав ба коррупсия, ришвахӯрӣ, тамаъгарӣ барин иллатҳо роҳ мекушояд. Ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ба рақамҳои мобилии + 998 79 224 2738 ва + 998 93 950 4515 занг задани шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст. Дар ҳамин ҳолат шаффофият дар татбиқи Қонуни ҷумҳурӣ таҳти рақами 937 таъмин мегардад.

Ӯ. Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: