СИЁСАТИ ДАВЛАТ ОИД БА ҶАВОНОН ПАЙГИРОНА БА АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Имрӯз қариб 25 фоизи аҳолии ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар ҷумҳурии мо беш аз 65 фоиз мебошад.

Роҳбари давлатамон масъалаи ҷавононро аз соли 2017 инҷониб ба сатҳи сиёсати давлатӣ мебардорад ва дар соҳа ислоҳотҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.

Роҳбарони секторҳо, ноҳияву шаҳру вилоятҳо таклиф ва ташаббуси ҷавононро омӯхта, бо онҳо корҳои фардӣ мебаранд.

Имрӯз қариб 25 фоизи аҳолии ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар ҷумҳурии мо беш аз 65 фоиз мебошад. Бояд эътироф намуд, ки ҷавонон боигарӣ ва ояндаи мардуми мо мебошанд.

Дар вилояти Қашқадарё шумораи ҷавононе, ки дар ҳама соҳа фаъол ва ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, зиёда аз 845 ҳазор нафар мебошанд. Дар лоиҳаҳои «Ibrat farzandlari», «Mutolaa», «Ustoz AI», ки бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон рӯйи кор меояд, ҷавонони қашқадарёӣ низ фаъол иштирок менамоянд. Чунин лоиҳаҳо баробари баланд бардоштани салоҳияти зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон, пайваста дар мушаххас намудани мақсад ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ хидмат мекунад.

Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: