СИФАТИ ТАЪЛИМ БА ЗАБОНИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА АСТ

Дар моҳи декабри соли гузашта рӯзнома мақолаеро бо номи «Таълим дар кӯдакистонҳо ба чанд забон аст?» (14 декабри соли 2024, № 100) чоп кард. Ин мақола азбаски дар асоси факту рақамҳои амиқ рӯйи коғаз омадааст, маро ба андеша водор намуд.

Дар кишвари мо чанд соли охир барои баланд бардоштани қадру қимати устоду омӯзгор дар ҷамъият корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Қарору фармонҳои роҳбари мамлакат оиди беҳсозии сифати таълиму тарбия, зиёд кардани музди меҳнати омӯзгорону мураббиён, сарфароз гардондани онҳо бо мукофотҳои давлатӣ, бунёди мактабу кӯдакистонҳои замонавии муҷаҳҳаз далели ин гуфта мебошанд.

Дар таҳрири нави Конститутсия мақоми муаллим алоҳида муайян карда шудааст. Хусусан, дар асоси таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ рушди низоми таълими томактабӣ куллан ба дараҷаи нав бардошта шуд.

Дар ҷумҳурии мо таълим ба ҳафт забон, аз ҷумла тоҷикӣ, ба роҳ монда шудааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир мебошад. Дар партави қарору фармонҳои роҳбари давлат мо – омӯзгорони гурӯҳҳои тоҷикӣ низ саъю кӯшиш мекунем, ки сифати таълиму тарбияи насли ҷавон рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Ман аз рӯзномаи «Овози тоҷик» гузоришу мақолаҳои зиёдро доир ба соҳаи таълиму тарбия хонда баҳра мебарам. Рӯзнома вақтҳои охир оид ба дастоварду мушкилоти соҳаи таълими халқ ва мактабҳои тоҷикӣ материалҳои хонданӣ чоп мекунад.

Дар моҳи декабри соли гузашта рӯзнома мақолаеро бо номи «Таълим дар кӯдакистонҳо ба чанд забон аст?» (14 декабри соли 2024, № 100) чоп кард. Ин мақола азбаски дар асоси факту рақамҳои амиқ рӯйи коғаз омадааст, маро ба андеша водор намуд.

Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки мо ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ дар асоси талабу дархости рӯзномахонон бо чанд савол муроҷиат намудем. Дар байни панҷ саволе, ки ба миён гузошта шудаанд, диққати маро саволи «Дар ташкилотҳои таълими томактабие, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият доранд, чӣ қадар кӯдакон фаро гирифта шудаанд (аз рӯйи забонҳо ва теъдоди кӯдакони фарогирифта)?» ҷалб намуд.

Ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Ф. Боқиев ба ин савол, чунин ҷавоб гардондааст: «...Дар ин кӯдакистонҳо (ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва ғайридавлатии ҷумҳурӣ дар назар аст)  ҷараёни таълим ва тарбия бо ӯзбекӣ, русӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо роҳандозӣ шуда, дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ 2130207 нафар,  қароқалпоқӣ 6258 нафар, тоҷикӣ 249 нафар, қазоқӣ 177 нафар, қирғизӣ 116 нафар ва дар гурӯҳҳое, ки таълим бо дигар забонҳост, 16433 нафар фаро гирифта шудаанд». Дар идомаи ҷавоб омадааст:

«Мувофиқи маълумоти вазорат дар ташкилотҳои таълими томактабии Қароқалпоқистон 80560 нафар дар гурӯҳҳои қароқалпоқӣ, 131 нафар қазоқӣ ва 56 нафар қирғизӣ, инчунин, дар вилояти Самарқанд 46 нафар бо қазоқӣ ва дар кӯдакистонҳои вилояти Навоӣ 60 нафар дар гурӯҳҳои қирғизӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ташкилотҳои таълими томактабии вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё мутаносибан 140, 30, 42 ва 37 нафар кӯдакон дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд»...

Дар поёнтари мақола сухан доир ба маълумотҳое меравад, ки соли 2022-юм ҷонишини собиқи вазири таълими томактабӣ (ҳоло фаъолияти ин вазорат қатъ гардида, ташкилотҳои сохтори ташкилии он дар ихтиёри Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ аст) У.Бегимқулов ва ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Ф. Боқиев дар соли 2024 пешниҳод кардаанд. Номутаносибии ин маълумотҳо касро, воқеан, дудила мекунад.

Шоҳиди он гардидаам, ки дар кӯдакистонҳои мавзеъҳои тоҷикнишин гурӯҳҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Гурӯҳҳои дарамалбуда ё ӯзбекӣ, ё русианд. Набудани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар кӯдакистонҳо заҳмати омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактабҳои тоҷикиро дучанд мегардонад. Падару модарон ҳам бо назардошти ин ҳолат, аз гурӯҳҳои тоҷикӣ рӯй тофта фарзандонашонро бештар ба гурӯҳҳои дигари мактабҳои миёна месупоранд.

Умед аст, ки ин ҷиҳати масъаларо Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, садоратҳои минтақавӣ ба эътибор мегиранд. Зеро сифати таълиму тарбия ба забони таълим вобастагии мустаҳкам дорад.

Элмурод Рӯзиев,

Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

Ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: