Дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 ҷамъ 35900 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ рафтаанд.
Дар ин бора Хидмати матбуоти Агентии статистика маълумот дод.
Вақте шумораи шаҳрвандонро дар қиёси давлатҳо таҳлил мекунем, аён мегардад, ки қисми бештари ӯзбекистониён барои таҳсил ба Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон рафтаанд. Танҳо дар соли гузашта 12809 нафар сокинони мамлакатамон барои идомаи таҳсил боргоҳҳои таълимии Тоҷикистонро интихоб кардаанд.
Дар мақоми дувум ва сеюм Русия ва Қирғизистон қарор доранд. Дар як сол мутаносибан 8629 ва 3953 нафар ҳамватанонамон шомили муассисаҳои таълимии ин давлатҳо шудаанд. Инчунин, дар давоми сол сокинони мамлакатамон бо мақсади таълим ба Туркия (2711), Кореяи Ҷанубӣ (2077), Қазоқистон (1589), Британияи Кабир (792), Чин (767), ИМА (576), АМА (390) ва дигар мамлакатҳо (1602 нафар) рафтаанд.
Ҳангоми муқоисаи ин рақамҳо бо солҳои пешина, аён мегардад, ки сол то сол теъдоди шаҳрвандони ӯзбекистонӣ, ки таҳсилро дар донишгоҳҳои дигар давлатҳо идома медиҳанд, зиёд мешавад. Ин албатта дар партави ислоҳоте сурат мегирад, ки тӯли чанд соли охир дар сохтори таълими олии мамлакат амалӣ гардидаанд.
Аз ҳисоби давлат ташкил кардани таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷа (таъсиси хазинаи «Эл-юрт умиди»), таҳкими таҷрибаи табодули донишҷӯён бо давлатҳои бародар, ҳаммарз, нисбатан содатар гардидани тартиби кӯчонидани таҳсил, эътирофи дипломҳои муассисаҳои таълими олии хориҷӣ аз ҷумлаи чунин ислоҳоти судманду самарабахш ба шумор меравад.
Илова бар ин, афзудани таваҷҷуҳи довталабон барои таҳсил дар хориҷа, афзоиши даромади аҳолӣ, беҳтар гардидани сатҳи забондонии ҷавонон ва роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо донишгоҳҳои байналмилалӣ низ барои зиёд гардидани донишҷӯён дар боргоҳҳои таълими олии хориҷӣ мусоидат мекунад.
Ин аст, ки бино ба ҳолати 1 январи соли 2023 Ӯзбекистон аз рӯйи теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил мегиранд, дар байни мамлакатҳои ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол кард. Дар ин бора Институти омори ЮНЕСКО хабар додааст.
Мувофиқи ҳолати оғози соли 2023 шумораи донишҷӯёне, ки дар хориҷа мехонанд, 6 859,4 ҳазор нафар буда, теъдоди онҳо дар як сол қариб 419 ҳазор нафар афзудааст.
Чин, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ба сегонаи пешсафи кишварҳое ворид шудаанд, ки сокинонаш бештар дар хориҷа мехонанд. Мувофиқи маълумот аз Чин 1 миллиону 52 ҳазору 300 нафар, аз Ҳиндустон 621 ҳазору 600 нафар ва аз Ӯзбекистон 150 ҳазору 500 нафар дар боргоҳҳои таълимии давлатҳои ҷаҳон таҳсил мегиранд.
Бар асоси ин гузориш, Ветнам (134 ҳазору 100), Олмон (126 ҳазору 200), ИМА (115 ҳазор), Фаронса (113 ҳазору 500), Ҷумҳурии Сурияи Араб (105 ҳазор), Непал (95 ҳазор) ва Покистон (90 ҳазору 600 нафар) дар мақомҳои баъдинаи даҳгона қарор доранд.
Тибқи маълумоти Институти омори ЮНЕСКО соли 2015 ба давлатҳои хориҷӣ ҳамагӣ 28 ҳазору 100 ҳамватанонамон бо мақсади таҳсил рафтаанд. Дар солҳои минбаъда ин шумора хеле афзудааст: соли 2016 – 32,9 ҳазор, 2017 – 35 ҳазор, 2018 – 42,3 ҳазор, 2019 – 53 ҳазор. Ба соли 2021 омада шумораи чунин донишҷӯён қариб чор баробар зиёд гардида, ба 109945 нафар расидааст.
Ҳамзамон, дар ин солҳо шумораи донишҷӯёне, ки аз давлатҳои хориҷӣ бо мақсади таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, бамаротиб афзудааст: соли 2018 – 1,3 ҳазор, 2019 – 2,7 ҳазор, 2020 – 3,6 ҳазор, 2021 – 4,2 ҳазор, 2022 – 5,1 ҳазор ва соли 2023 – 5 ҳазор.
Бино ба маълумоти Агентии омор танҳо дар моҳҳои январ-майи соли 2024 ҷамъ 7,4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ барои идомаи таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин даври соли 2023 қариб 3 ҳазор нафар, яъне 65,2 фоиз зиёд аст. Агар теъдоди умумиро нисбат ба соли 2018 муқоиса кунем, аён мешавад, ки тӯли шаш соли охир ин шумора қариб даҳ баробар зиёд шудааст.
Дар сегонаи пешсафон Ҳиндустон (2241 нафар), Туркманистон (1937 нафар) ва Тоҷикистон (950 нафар) ҷой гирифтаанд.
Дар зинаҳои баъдинаи даҳгонаи беҳтарин Қирғизистон (450 нафар), Покистон (273 нафар), Кореяи Ҷанубӣ (266 нафар), Чин (266 нафар), Афғонистон (147 нафар), ИМА (132 нафар), Қазоқистон (122 нафар) қарор доранд.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».