АЗ АМОНӢ ГУФТУГӮ ДОРЕМ МО

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов 16 факултет, 60 кафедра ҳаст, қариб 700 омӯзгор, аз ҷумла беш аз 400 доктори илм, профессор, номзадҳои илм ва як нафар академик кор мекунанд, шумораи донишҷӯён тақрибан 20 ҳазор нафар аст.

Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов яке аз нахустин марказҳои бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, тарбияи кадрҳои миллӣ мақому манзалати хоса дорад. Он соли 1927 бо номи Университети давлатии Ӯзбекистон (ӮзГУ) таъсис ёфта буд. Донишгоҳ тӯли солҳои фаъолият ба сифати муассисаи пешбари илмию таълимӣ доир ба соҳаҳои гуногун на танҳо барои Ӯзбекистон, инчунин барои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо мутахассисони хубро тайёр намудааст. Дар байни онҳо арбобони давлатӣ, сафирон, адибон, шоирон, журналистон, муҳандисон ва ғайра ҳастанд. Ҳоло донишгоҳ бо беш аз 300 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, илмию тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад, ки яке аз онҳо Тоҷикистони бародарист.

Мухлисони рӯзнома огоҳ ҳастанд, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз гардид. Ин муносибатҳои неку созанда, бешак бо ному корнома, ҷасорату матонати сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ доранд. Зеро тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли таърих умумиятҳои зиёди таърихӣ чун гӯшту нохун бо ҳам қарин гардонидаанд. Мо бо амри сарнавишт наздиктарин ҳамсоя ҳастем, яъне «аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар» аст. Барои ҳамин ҳам мо бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ бастем ва дар асоси ин созишнома шахсан худам якчанд маротиба ба Душанбе сафар намуда, дар анҷуманҳои гуногун ба забони модариам – тоҷикӣ низ баромад кардам ва дар омади гап байтҳои зерини устод Мирзо Турсунзодаро қироат намудам:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун!

Кафкӯбии дуру дароз насибам гашт.

Ёд дорам, ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд, ки дар он устодони сухан Шодон Ҳаниф, Ҳамроқул Шодиқулов, Адаш Истад, Хуршед Қамар, Нормурод Каримзода ва дигарон таълиму тарбия гирифтаанд, омӯзгори фанни ҷуғрофия ҳар гоҳ аз харитаи дунё ягон кишвари дурдасту афсонавиро нишон дода, доир ба табиату иқлимаш нақл мекард, беихтиёр орзуи бачагонаи ба он ҷо сафар намудан пайдо мегашт. Муаллим шогирдонро рӯҳбаланд карда мегуфт, ки агар ба баҳои «аъло» хонед, ба илму дониш дил бандед, албатта, дидани ин кишварҳо насиб мегардад.

То имрӯз дар беш аз 50 мамлакати ҷаҳон будам.

Ногуфта намонад, ки аз хориҷа ба донишгоҳи мо низ ташриф меоваранд. Дар асоси созишнома аз Тоҷикистони бародарӣ на танҳо ҳамкасбони ман, инчунин толибилмон меоянд, ки илму дониш гиранд. Зеро дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълиму тарбия бо техника ва технологияи замонавӣ ҳамаи синфхонаҳо муҷаҳҳазанд. Кулли омӯзгорону кормандон ва талабагон аз хидмати интернет, китобхона, толорҳои варзиш, кабинетҳои фаннӣ бархурдор мебошанд. Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 16 факултет, 60 кафедра ҳаст, қариб 700 омӯзгор, аз ҷумла беш аз 400 доктори илм, профессор, номзадҳои илм ва як нафар академик кор мекунанд, шумораи донишҷӯён тақрибан 20 ҳазор нафар аст. 

Бояд таъкид намуд, ки мактаби олии мо дар партави дастуру ҳидоятҳои Президентамон насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, барои Ӯзбекистони Нав кадрҳои муносиб тайёр мекунад.

Ба факултаи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии Шарқ аз шаҳри Панҷакент бисёр довталабону таҷрибаомӯзон меоянд, зеро масофа наздик аст. Аз Донишгоҳи Хуҷанд доктори фанҳо, профессорон Туғрал Шокиров, Абдуҷамол Ҳасанов, Нуралӣ Нурзод, Матлубаи Мирзоюнус дар ин факулта чанд муддат дарс гузаштанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои таълиму тарбияи комил тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст, устодони ботаҷриба дарс медиҳанд. 

Бо истифода аз фурсат ба сарварони оқилу дурандеши ду кишвари ҳамҷавору ҳамдил ҷиҳати муҳайё намудани чунин шароити мусоиди таҳсил миннатдорӣ изҳор менамоям.

Аҳмадҷон Солеев,

проректори аввали Донишгоҳи давлатии Самарқанд оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои физикаю математика.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: