ҚАБРИ АФРОСИЁБ ДАР КУҶОСТ?

Афросиёб шахси таърихист ё афсонавӣ? Гурӯҳи олимон онро афсонавӣ мегӯянду гурӯҳи дигар шахси таърихӣ...

Афросиёб яке аз қаҳрамонҳои достони «Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳисоб рафта, аз ин  чор ҳазор сол пеш зиндагӣ кардааст. Муаллифони қиссаи таърихии «Кӯҳна ва боқий Рометан» бошад, Афросиёбро аз фарзандони Нуҳ алайҳиссалом гуфтаанду даврони салтанати ӯро ду ҳазор сол ҳисобиданд.

Инчунин, ривоятҳо ҳаст, ки бинобар он Афросиёбро ҷодугар хонда, дар қатли домодаш Сиёвуш гумонбар мешаванд... Пас ӯро наберааш Кайхусрав дар ҳисори қалъаи Рометан як соли пурра муҳосира мекунад. Дертар ҳангоми маросими оштӣ ба ӯ заҳр дода мекушанд, ки қабраш дар тали берун аз шаҳри Бухоро мебошад.

Дар «Таърихи мулуки Аҷам» Алишери Навоӣ навиштааст, ки Афросиёб дар Озарбойҷони кунунӣ кушта мешавад.

Дар манбаъҳои туркӣ инчунин, дар асарҳои Юсуф Хос Ҳоҷиб ва Маҳмуди Қошғарӣ Алп Эр Тунга ва Афросиёб як шахс дониста шудааст.  Ҳукмдорони Қарохониён ва Салҷуқиён бошад, чунин мешумориданд, ки насаби онҳо аз Афросиёб оғоз меёбад...

Соли 2020 олими турк дар Бухоро воқеъ будани қабри Афросиёбро бори дигар эълон кард. Чаро бори дигар? Сабаб, инро нахуст Устод Садриддин Айнӣ соли 1950-ум эълон карда буданд. Барои бухороиён ба зодгоҳ омадани   донишманди намоёни илму адабиёту фарҳанги тоҷик, академики АИ Тоҷикистон Устод Айнӣ воқеаи муҳим ба шумор мерафт. Устод ҳамон сол бори охирин ба Бухоро омада, ба ҳамватанон ҷойи қабри Афросиёбро нишон медиҳанд. Он солҳо, ки оиди ҳаёту фаъолияти Устод кино ба навор гирифта мешуд, ин ҳодисаи тарихӣ низ сабти навор гардидааст.

Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Устод Айнӣ ҳафтод сол пештар аз олими турк ҷойи қабри Афросиёбро дақиқ нишон дода будаанд. Ба чунин фактҳо такя карда, гуфтан мумкин аст, ки Афросиёб шахси таърихӣ буда, 31 сол подшоҳӣ кардаасту қабраш дар тали Ҳазрати Имоми шаҳри Бухоро воқеъ аст.

Дар «Шоҳнома» зери нигориши устод Сотим Улуғзода низ оиди ин воқеаҳо, яъне аз бобо қасос гирифтани Кайхусрави Сиёвуш баёне рафта, гуфта мешавад, ки барои ситонидани қасоси Сиёвуш падари ӯ Кайковус ба наберааш Кайхусрав лашкари паҳлавонони номӣ Гев ва Гударзро мефиристонад. Рустами Достон низ бо дувоздаҳ ҳазор лашкар дар паҳлӯи Кайхусрав буд. Онҳо дар деҳаи Ромуш (ин деҳа ҳоло ҳам бо ҳамин ном дар ҳудуди ноҳияи Ҷондор вуҷуд дорад), ки дар масофаи 7 км. аз ҳисори Рометан воқеъ аст, истеҳком бунёд карда, лашкари Афросиёбро муҳосира кардаанд. Дар китоби «Кӯҳна ва боқий Рометан» қайд шудааст, ки гӯё Афросиёб аз сабаби ҳамеша бо ҷангу ҷадал  банд  буданаш пойтахти доимии худро надоштааст, аммо дар ҳудуди  воҳаи Зарафшон зиёда аз ҳазор истеҳкоми ҳарбӣ  бунёд карда будааст.

Бино ба хабари номзади илми таърих Нарзулло Йӯлдошев  дар китоби «Бухоронинг муқаддас қадамжолари» қабри домоди Афросиёб  Сиёвуш низ  дар Бухоро буда, ӯро баъди қатлаш оварда, ба назди дарвозаи шарқии Арки Бухоро ба хок супоридаанд. Ин дарвоза дар асри ҳабдаҳум пӯшонида шуда, истиқомати аҳли ҳарами ҳукмдорон ба ин гӯшаи Арки олӣ кӯчонида шудааст.

Алимурод Темиров.

Вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: