Минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодӣ-саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, масоҳати он 564 гектарро ташкил медиҳад.
Минтақаи озоди иқтисодӣ ин минтақаи алоҳидае мебошад, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муайян карда шудааст. Мафҳуми «Минтақаи озоди иқтисодӣ» солҳои 70-уми асри гузашта ба миён омад. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба барномаи рушди сармоягузории Ӯзбекистон ворид карда шудааст. Чунки иқтисоди муосирро бе чунин минтақаҳо тасаввур кардан мушкил аст. Мувофиқи таҳлили коршиносон 30 фоизи тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мегарданд.
2 декабри соли 2008 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Навоӣ» ба тасвиб расид.
Минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатии «Навоӣ» яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодӣ-саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, масоҳати он 564 гектарро ташкил медиҳад. Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди саноатии Ӯзбекистон таъсис ёфта, аз Бухоро ва Самарқанд дар масофаи 100 ва 175 км ҷойгир аст. Ба ин васила минтақа бо шаҳр ва ҳудудҳои саноатии мамлакат алоқаманд аст.
Дар минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатии «На-воӣ» барои ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам аст. Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои боҷхона, валюта, яъне муносибатҳои пулӣ ва андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатии «Навоӣ» фаъолияти соҳибкорӣ новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти боҷи гумрук ва дигар андозҳо, ки мувофиқи Кодекси андози ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.
Барои ба роҳ мондан ва рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ-саноатии «Навоӣ» омилҳои зер низ манфиатовар мебошанд: таъмини мунтазами минтақа бо газ, барқ, об ва ба ҳам наздик ҷойгир будани объектҳо, наздикии манзилҳои аҳолинишин, мавҷудияти муҳити хуби экологӣ, мавҷуд будани лоиҳа ва масолеҳи сохтмон.
Ҳамчунин, минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатии «Навоӣ» дар шафати шоҳроҳи автомобилгард, наздик ба фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ, роҳи оҳан, гулӯлаҳои баландшиддати газ ва оби ошомиданӣ ҷойгир аст. Дар назди фурудгоҳ меҳмонхонаи се ситорадор барои 60 нафар ва чандин меҳмонхонаҳои дигар сохта шудаанд.
Соли 2020 дар 54 корхонаи минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатӣ 71 лоиҳа бо арзиши 402,4 миллион доллар татбиқ гардид, ки дар натиҷа 4560 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар соли 2021 106, 4 миллион доллар сармоя аз худ карда шуда, 847 нафар коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Сифат ва самаранокии истеҳсоли маҳсулот афзуд. Давоми соли 2021 корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ-саноатӣ ба миқдори 3592,9 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати маҳсулоти соли сипаригардида 139 фоиз зиёд мебошад. Ва ба миқдори 58,74 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Вилоят 110 800 км мураббаъ масоҳат дошта, дар ҷумҳурӣ пас аз Қароқалпоқистон дар ҷойи дуюм қарор дорад ва дорои захираҳои фаровони зеризаминӣ, имконоти васеи истеҳсолӣ мебошад. 21 декабри соли 2022 бо Қарори Президент тамоми ҳудуди он минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид. Сафи сармоягузорони дохиливу хориҷӣ афзуд.
Соли гузашта дар 48 корхонаи минтақа 51 лоиҳа татбиқ гардида, 185,6 миллион доллар аз худ гардид. Дар натиҷа барои 6198 нафар ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Тӯли ҳафт соли охир дар минтақаи озоди иқтисодӣ 6500 лоиҳа бо маблағи 8 миллиард доллар татбиқ гардида, 27 триллион сӯм арзиши иловагӣ фароҳам оварда шуд. Шумораи соҳибкорони дохиливу хориҷӣ се баробар афзуд. Дар ин муддат иқтисодиёти вилоят аз ҷойи нӯҳум ба ҷойи сеюм баромада, ба 82 триллион сӯм расид.
Инак, дар соли 2025 ба вилоят ҷалб кардани 3,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкони кушодани 600 корхонаи нав ва созмон додани 15 ҳазор ҷойҳои нави кории сердаромадро фароҳам меоварад.
Сарвари давлат ҳангоми сафар таъкид ва супориш дода буд, ки дар вилояти Навоӣ 16 ҳазор оилаи камбизоат ва 8 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор зиндагӣ мекунанд. Дар назди низомҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ вазифа гузошта шудааст, ки 16 ҳазор оила аз ҳолати камбизоатӣ бароварда шавад. Ва имрӯз дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» ҷоест, ки дар он вазъи мӯътадили ҷамъиятию сиёсӣ, мавқеи мусоиди геополитикӣ ва захираҳои бойи канданиҳои фоиданок барои сифатан беҳтар кардани рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд. Дар ин ҷо тамоми шароит барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, барҳам додан ба камбизоатии оилаҳо, таъмини фаровонӣ ва шукуфоии кишвар фароҳам оварда шудаанд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.