МУШТЗАНҲОИ КАДОМ ВИЛОЯТ ПЕШҚАДАМ?

Дар пойтахти кишвар муборизаҳои саракунӣ, нимфиналӣ ва хотимавии чемпионати Ӯзбекистон оид ба бокс баргузор гардид.

Аз рӯйи натиҷаи мусобиқаҳои ниҳоӣ номи ҳудудҳое, ки дар давоми соли 2024 дар омодасозии боксчиёни бомаҳорат пешқадам буданд, муайян гардид: боксчиёни вилояти Тошканд бо 3-то медали тилло, 5-то нуқра ва 4-то биринҷӣ ҷойи аввал, ҷамоаи Андиҷон бо 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ ҷойи дуюм ва намояндагони Бухоро бо 2-то тиллову 3-то биринҷӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Навбаҳор Ҳамидова ҳамчун «Беҳтарин боксчизан» ва Асилбек Ҷалилов «Беҳтарин муштзани мард»-и чемпионат эътироф гардиданд. Ҷамоа барои  иштирок дар Бозиҳои олимпии «Лос-Анҷелес — 2028» қадамҳои аввали худро мегузорад.

Суратгир: Муҳаммад Амин (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: